Анора Саркорова дар ёддоште аксҳоеро аз эътирози мардуми осоиштаи Бадахшон ба рафторҳои ғайриқонунии КДАМ ва ВКД гузоштааст. Ҳамчунин ӯ ёдовар шуда: “Душанбеи расмӣ иддао дорад, ки эътирозгарон гӯё мусаллаҳ буданд. Ҳоло, аксҳои ширкаткунандагон дар эътирози маданиро мунташир мекунам. Аксҳо ба равшанӣ нишон медиҳанд, ки аҳолии осоишта ягон силоҳ надоранд ва дошта ҳам наметавонистанд. Тазоҳуроти рӯзи... Читать далее →
Рустами Ҷонӣ: “Рӯзи додхоҳӣ наздик аст”
Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ, дар ёддоште, бо ишора ба фоҷеаи Рӯшон, ки режими Раҳмон дар он беш аз 20 нафар шаҳрванди мусолиматомезро ба қатл расонда ва садҳо нафари дигарро захмӣ намудааст, навишт: “Яке аз фаъолони помирӣ дар мукотиботи шахсӣ хабар расонд, ки мақомоти тоҷик ӯро парванда кардаанд.” Ҷонӣ аз забони ин тоҷики бадахшонӣ навишт, ки ӯ... Читать далее →
Он чи Эмомалӣ Раҳмон ба сари мардуми Бадахшон овард, оё “амалиёти зидди теруристӣ” аст?
Дирӯз ба дунболи баёнияи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи иттифоқоте, ки дар Бадахшон рух медиҳад ва ба баёне дурусттар, дар бораи балое, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сари мардуми Бадахшон овард ва бино бар ахбори расмӣ, мунҷар ба шаҳодати 9 шаҳрванд ва захмӣ шудани 24 нафари дигар гардид, расонаҳои байналмилалӣ аз ҷумла Хабаргузории Фаронса, ВВС,... Читать далее →
Феҳристи шуҳадо, боздошт ва маҳкумшудагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Рӯзноманигор, Анора Саркорова дар ёддоште феҳристи шаҳидон, боздошт ва маҳкушудаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ёдовар шудааст. Ёддошти ӯ ба шарҳи зерин аст: “Беш аз 20 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аз зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳкум шудаанд. Онҳо ё дар ҳоли муҳокима ҳастанд ва ё дар интизори он. Ва он ҳам ба хотири ширкат дар тазоҳуроти... Читать далее →
Созмони Милали Муттаҳид: “Аз саркӯби эътирозҳо, ҳабси мардуми помирӣ ва истифодаи ғайриқонунии нерӯҳои низомӣ сахт нигарон ҳастем!”
Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар баёнияе бо баёни ин ки “нодида гирифтани шикоятҳои мардуми Бадахшон метавонад боиси низои хушунатбор гардад”, нигаронии шадиди худро “аз кӯшишҳои саркӯби эътирозҳо, ҳабси мардуми помирӣ ва истифодаи аз ҳад зиёд ва ғайриқонунии нерӯҳои низомӣ” изҳор доштаанд. Онҳо аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардаанд, “барои пешгирӣ аз табъиз алайҳи эътирозгарони помирӣ... Читать далее →
Гурӯҳи 44: “Агар Ифтихор Саидбеков озод нашавад, даст ба гирдиҳамоӣ мезанем!”
Дар ҳоле, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар як муроҷиати видеоӣ сипосгузории худро аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати пуштибонӣ ва ҳимояти онҳо аз барқарории адолат ва волоияти қонун дар Бадахшон изҳор доштанд, намояндагони мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон яке аз аъзои гурӯҳи 44-нафараи ҷомеаи шаҳрвандиро боздошт карданд. Яке аз раҳбарони... Читать далее →
Муроҷиати Ҷамъияти Тоҷикони “НУР” дар Олмон
Ҷамъияти Тоҷикони “НУР” дар Олмон, бо судури баёнияе, бо муроҷиат ба тамоми мардуми Тоҷикистон, мақомот ва созмонҳои байналмилалӣ, иқдомҳои нерӯҳои интизомии Тоҷикистонро дар Бадахшон шадидан маҳкум кардааст. Ин созмон бо ишора ба ин ки “зиёда аз ду моҳ мешавад, ки Бадахшон ноором аст ва дар муҳосира қарор дорад”, изҳор доштааст: “Ҳодисаҳои ахир дар Бадахшон баёнгари... Читать далее →
Муроҷиати як бонуи нафақахӯр аз Хоруғ ба сохторҳои қудратӣ: “Мо силоҳ надорем, ҷинояткор ҳам нестем! Рафтори сохторҳои қудратӣ метавонад заминае барои ҷанги шаҳрвандӣ гардад”
Як бонуи нафақахӯр аз шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як муроҷиати видеоӣ, хитоб ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва сохторҳои қудратӣ, зимни шикоят аз бебандубориҳои сохторҳои қудратӣ дар шаҳри Хоруғ, бо баёни ин ки “мо сокинони шаҳри Хоруғ силоҳ надорем, ҷинояткор ҳам нестем”, изҳор дошт: “Рафтори сохторҳои қудратӣ метавонад заминае барои аланга... Читать далее →