Нома аз он дунё

барои номардону нокасон Ман силоҳ надоштам. Ман боре автоматро ба даст нагирифтаам. Ҳатто камони оддиро. Ман пеши роҳи шуморо гирифтам, то бародари маро накушед. Ва шумо ҳам кушта нашавед. Аммо ту ва ҳамроҳони ту ба сӯи ман тир андохтед. Ту маро куштӣ. Гӯё аз паси мили милтиқ чашмони маро намедидӣ. Гӯё намедидӣ, ки ман бо... Читать далее →

Мавҷуда Соҳибназарова: “Магар марги ин миллат наздик нест?”

Мавҷуда Соҳибназарова бо ишора ба дархости 7 сол зиндон аз сӯи айбдоркунандаи давлатӣ барои Шоҳида Маҳмадҷонова ба хотири навиштани шарҳи кӯтоҳ дар зери навори суханони писараш (Абдураҳмон 09) дар YouTube ва низ зери навори “Ислоҳ+” дар ин шабака, гуфтааст: “Агар додгоҳ дар Тоҷикистон барои ин ду шарҳи навиштааш 7 сол хоста бошад, воқеан ҳам “крокодил”... Читать далее →

Мавҷуда Соҳибназарова: “Наҷоти миллати мо дар дасти Зайд Саидов барин шахсиятҳост”

Мавҷуда Соҳибназарова, фаъоли сиёсии тоҷик, узви Шӯрои ПМТ ва муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), дар гуфтугӯ бо сайти “Зиндониён”, бо баёни ин ки “барои банда Зайд Саидов як шахсият аст, ки дар чанд соли баъдӣ низ дар Тоҷикистон чун ӯро пайдо кардан ғайримумкин аст”, гуфт: “Наҷоти миллати мо дар... Читать далее →

Мавҷуда Соҳибназарова дар гуфтугӯ бо ВВС-форсӣ: “Мо хостем, ҳам Озодаро табрик бигӯем ва ҳам таваққӯъ дорем, як армуғон ва тӯҳфае аз сӯи ӯ дар ин рӯз шавад”

Мавҷуда Соҳибназарова, аз раҳбарони опозитсияи тоҷик ва муовини раиси КШГНЗС, дар гуфтугӯ бо шабакаи ВВС-форсӣ, дар бораи чароии навиштани нома ба Озода Раҳмон, бо баёни ин ки “имрӯз (8 март) рӯзи байналмилалии бонувон аст ва мутаассифона дар Тоҷикистон мақом ва ҷойгоҳи зан фақат дар ҳамин рӯз ба ёди мардум меафтад ва арҷ мегузоранд”, гуфт: “Бинобар... Читать далее →

“Мо ба Зан-Модар будани Озода Раҳмон ҳанӯз бовар дорем!”

Шуморе аз бонувони тоҷики муқими хориҷи Тоҷикистон, дар номае саркушода ба Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроии президент, бо таъкид бар ин ки онҳо ба Зан-Модар будани Озода Раҳмон ҳанӯз бовар ва яқин доранд, ки ӯ “пеш аз ҳама ва қабл аз он ки Роҳбари Дастгоҳи падараш ва духтари Эмомалӣ Раҳмон бошад, як Зан-Модар аст”, аз... Читать далее →

Тақдиру ташаккури Муҳаммад Тағоев аз ҳамаи онҳое, ки барои озодии ӯ талош кардаанд

Имрӯз (06.03.2022) дар ҷаласаи навбатии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) Муҳаммад Тағоев – блогер ва фаъоли маъруфи сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик ширкат кард. Ӯ, ки ба дархости мақомоти Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2020 дар Қазоқистон боздошт ва зиндонӣ шуда буд ва бо талоши дӯстон дар “Гурӯҳи 24”, КШНГЗС ва созмонҳои... Читать далее →

“То ҷон дар бадан дорам, аз ҳаққи падарам дифоъ мекунам”

Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳаминак дар зиндон ба сар мебарад ва хоҳари Шӯҳрати Раҳматулло, рӯзноманигор ва фаъоли сиёсии тоҷик, дар гуфтугӯ бо Мавҷуда Соҳибназарова, фаъоли сиёсӣ ва муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС), бо баёни ин ки се моҳ боз берун аз... Читать далее →

“Мактаби душвортарбияҳо” ё зиндони кӯдакон дар Тоҷикистон?

Ба қалами Мавҷуда Соҳибназарова, муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон “Дада, чизе нанависед, ё дар ягон ҷо нагӯед, ки маро дар ин ҷо ғам медиҳанд ва намемонанд, ки хона равам...” Ин як гуфтугӯи телефонии як навраси 15-сола Муҳаммадҷон аз Тоҷикистон аст, ки бо падари паноҷӯяш анҷом дода. Муҳаммадҷон беш аз 8... Читать далее →

“Облава” ва дигар мушкилот дар артиши Тоҷикистон

Ба қалами Мавҷуда Соҳибназарова, муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон Дар Тоҷикистон даъват ба саффи артиш дар як сол ду бор сурат мегирад ва дар ҳар бор “облава”-и ҷавонон шурӯъ мешавад ва мақомот ҳар киро ба дасташон афтод мегиранд ва ба “хидмати ҳарбӣ” мефиристанд. Албатта, фирори онҳо на ба хотири ин... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑