Шераму андар биёбони бало афтодаам. Чун Ҳусайни дар миёни Карбало афтодаам. Ашкрезонам, ғарибам, хастаам, бечораам, Ё ки боронам аз боми ҳаво афтодаам? Гар сухан аз ҳақ бигӯйӣ, торуморат мекунанд, Дар миёни ин ҳалоҳилҳо чаро афтодаам? Одам ар бо қимати ҳайвон баробар мекунанд, Ман, ки ҳайвон нестам, гӯед куҷо афтодаам? Юсуферо корвоне кард бурун аз чоҳи... Читать далее →
Аз назари Раҳмон, инсон гӯ ин ки як гов аст, ки кофист охураш аз алаф пур бошад ва шикамаш сер
Асоситарин “далел”-и Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонаш бар юриш ба Бадахшон – ки ин “далел” ба назар мерасад, барои бархе аз “нухбаҳо”-и тоҷик ва рӯзноманигорон низ мавриди писанд аст ва сукуташон “аломати ризо”-и онҳо буд – ин, ҳамон тавр ки иддао мекунанд, ҷорӣ кардани “назму тартиб” ва ба сухани дигар, “қонунмадор” сохтани мардуми ин минтақа аст.... Читать далее →
Хуш он марде, ки бо иззат бимирад
Хуш он марде, ки бо иззат бимирад, На дар хориву дар зиллат бимирад. Варо мадфан бувад дар қалби миллат Агар дар паҳлӯи миллат бимирад. (Пайрави Иқбол) خوش آن مردی که با عزّت بیمیرد نه در خاری و در ذلت بیمیرد ورا مدفن بود در قلب ملّت اگر در پهلوی ملّت بیمیرد پیرو اقبال
Мард он, ки…
Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад, Як бор таваллуд шуда, як бор бимирад. Мард он, ки сари қулла чу ҳамхонаи хуршед, Аз қисмати худ розию саршор бимирад. Мард он, ки сабуктар бикунад бори Заминро, Бо умри гаронбор, гаронбор бимирад. Бо дӯсти наздик равад манзили дуре, Бо ёр ва ё бо алами ёр бимирад. Дар... Читать далее →
Паёми ҳамдардии КШНГЗС ба хонаводаи шаҳид Муҳаммадбоқир
بسم الله الرحمن الرحيم مِنَ الْمُؤْمِنِينَ رِجَالٌ صَدَقُوا مَا عَاهَدُوا اللَّهَ عَلَيْهِ فَمِنْهُمْ مَنْ قَضَى نَحْبَهُ وَمِنْهُمْ مَنْ يَنْتَظِرُ وَمَا بَدَّلُوا تَبْدِيلًا سوره احزاب “Аз миёни мӯъминон мардонеанд, ки ба он чи бо Худо аҳд бастанд содиқона вафо карданд. Бархе аз онон ба шаҳодат расиданд ва бархе аз онҳо дар интизоранд ва (ҳаргиз ақидаи худро)... Читать далее →
Ҷузъиёти ба шаҳодат расидани Мамадбоқир Мамадбоқиров аз забони шоҳидони воқеа
Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ, дар ёддоште, ҷузъиёти чигунагии ба шаҳодат расидани Мамадбоқир Мамадбоқировро аз забони шоҳидони воқеа навиштааст. Машрӯҳи ёддошти Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст: “Маҳмадбоқир рӯзҳои охир таҳти фишори шадид буд. Қариб аз хона намебаромад. Аз ҳар гӯша мерганҳои ҳукумат ба ӯ менигаристанд. 22-уми май наздик ба соати 17-00 гуфтааст, мехоҳад дар ҳавои тоза... Читать далее →
Чаро ҳукумат дар бораи марги Маҳмадбоқир дурӯғ мебофад?
Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ дар ёддоште, бо ишора ба шаҳодати Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ба дасти низомиҳои ҳукуматӣ, бо баёни ин ки мақомот исрор доранд бигӯянд, ки “Маҳмадбоқирро “ҳамаслаконаш” куштаанд ва ба ҳар васила мехоҳанд намоянд, ки ҳукумат ӯро қатл накардааст”, ёдовар шуда: “Зиёда аз 7 моҳ мерганҳои ҳукумат фурсати муносиб меҷустанд, ки ӯро ҳадафи тир қарор диҳанд... Читать далее →
Шаҳидон зиндаанду ёдгоранд…
Шаҳодат бод пирӯзат қӯмондони бадахшонӣ! Ғурурат хуфта дар номуси мардони бадахшонӣ! Зи дасти подаи аъдо надидӣ рӯзи беҳ акнун! Бихоб осуда ҳоло шери майдони бадахшонӣ! Шаҳодат бод пирӯзат қӯмондони бадахшонӣ! (Пайрави Иқбол)
Полковник Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ба шаҳодат расид
Дақоиқе пеш, расонаҳо аз шаҳодати сарҳанг (полковник) Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров хабар доданд. Сомонаи Паём ба нақл аз Pamir Daily News аз шаҳодати Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров хабар дод. Хабаргузории давлатии “Ховар” низ навишт, имрӯз соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Хоруғи Боло Мамадбокиров Мамадбокир Карамалишоевич кушта шуд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” дар маркази матбуоти Раёсати... Читать далее →