Нигоҳе кӯтоҳ ба зиндагиномаи домулло Зубайдуллоҳи Розиқ

Муҳаммадсаъид Ризоӣ Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим “Мубориза ва истиқомат дар роҳи Худо ва ҳадафи олӣ сахтиҳои зиёд дорад, вале кафили бақои ислом, арзишҳои волои он ва ҳаёти хушу сарбаландонаи башарӣ мебошад...” “Бояд донист, ки мушкилоту сахтиҳо ва хавф, ғаму андӯҳ, ранҷ ва заҳмату зарар дар ин роҳ ҳама имтиҳони илоҳӣ буда, шахсият ва мақому ҷойгоҳи пӯяндагони... Читать далее →

Бозтоби ҳақиқати таърихӣ дар симои як мубориз

Ба муносибати Ҳафтаи Нуриддин Маҳкамов Муҳаммадсаъид Ризоӣ Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим Гӯянд, як мақомдори боинсоф ва хидматгори мардумиро бо тӯҳмат аз мансаб барканор ва ба эъдом ҳукм мекунанд. Вақте ӯро таги пояи дор ҳозир мекунанд, ҳамсари пири бемор ва фарзанди маъюбу наберагонаш ба ӯ наздик шуда, фарёд мебароранд. Ҳамасараш садо баланд карда, бо доду фарёд мегуяд:... Читать далее →

Донишманди хуби улуми исломӣ, инсони шариф ва беозору беолоиш

Ба муносибати Ҳафтаи Домулло Саъдуддини Рустам Муҳаммадсаъид Ризоӣ Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон Алҳамдуллиҳ, вассалоту вассалому ало расулиллоҳ ва ало олиҳӣ ва саҳбиҳӣ ва ман воллоҳ. إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ ثُمَّ لَمْ يَرْتَابُوا وَجَاهَدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ أُولَٰئِكَ هُمُ الصَّادِقُونَ “Мӯъминони воқеӣ танҳо касоне ҳастанд, ки ба Худо ва Расулаш... Читать далее →

Табъизи табақотӣ ва душманӣ бо ходимони дин, асоси рушди коррупсия ва беназмӣ

Ба баҳонаи Ҳафтаи Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад Муҳаммадсаъид Ризоӣ Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим Мардуми Тоҷикистон, ки аз қарнҳо пеш дини исломро қабул кардаву сарзаминашон исломӣ мебошад, дар нашри ахлоқу одоб ва илму ҳунар таввассути фарзандони донишманд ва ҳунармандони нобиғааш машҳури офоқ гаштааст. Уламо ва донишмандонро дар ин сарзамин домулло ва як иддаи дигарро, ки ба хонадони нубувват... Читать далее →

Муҳаммадсаъид Ризоӣ: “Эшони Сайид Қиёмуддин ба ман гуфта буд: “Сари маро аз тан қатъ ва бар болои синаам мегузоранд”

Муҳаммадсаъид Ризоӣ, узви Шӯрои раҳбарии ПМТ ва аз аъзои барҷастаи ҲНИТ, зимни ёдоварии хотироте аз шаҳид Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, гуфт: “Ман ин суханро, ки: “Сари маро аз тан қатъ ва бар болои синаам мегузоранд”, аз худи ӯ шунидаам. Байни касоне, ки мӯҳлати тӯлонӣ бо ҳам кору фаъолият доштанд, чизҳои зиёде ҳаст, аз ҷумла шакарранҷишҳо.... Читать далее →

Муҳаммадсаъид Ризоӣ: “Иди ҳақиқии занҳо, расидан ба ҳаққи комили худ аст”

Домулло Муҳаммадсаъид Ризоӣ дар ёддоште, зимни табрики занони Тоҷикистон ба 8 март, Рӯзи байналмилалии бонувон, бо баёни ин ки лозим аст аз бонувон тақдир ба амал ояд ва онҳо ба қавли ӯ, “шарики шафиқу исоргар дар зиндагӣ” ҳастанд ва ҳамчунин тавсияи ҷавонон ба ин ки “шарики зиндагии худро ҷустуҷӯ ва ҳамсарони шафиқу меҳрубон барои худ... Читать далее →

Чаро Мирзоолимро зиндонӣ кардаанд?

Ба қалами Муҳаммадсаъид Ризоӣ “Мулло Мирзоолим ба хотири истифода аз мансаб ё хиёнат ба кишвару мардум зиндонӣ нашудааст. Ӯ заминҳои кишварашро нафурӯхтааст. Молу сарвати мардум ва дороиҳои миллаташро ба фоидаи худ, оила ва наздикон дар ҳисобҳои офшорӣ ба берун аз кишвар набаровардааст... Вай як муслиҳ аст ва ба ин хотир, ки некандешу хайрхоҳ ба мардум... Читать далее →

Ин як ҷинояти бузург аст!

Муҳаммадсаъид Ризоӣ Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим Алҳамду лиллоҳ вассалоту вассалому ъало расулиллоҳ ва олиҳӣ ва саҳбиҳӣ ва ман волоҳ. Ҳамватанони азиз, хонандагони мӯҳтарам, Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳӣ ва баракотуҳ! Аз тариқи ин навишта мехоҳам назари шуморо ба ҳодисаи ваҳшатноке, ки дар кишвари азизамон, Тоҷикистон рух дода истодааст ҷалб намоям. Дар воқеъ ин як ҳодисаи нангин ва... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑