Муҳаммадҷон Нурӣ: “Ҳоло навбат ба ҷазо додани набераҳои устод Нурӣ расидааст”

Мақомот дирӯз (23 апрели 2022) Ҳабибулло Саидов, донишҷӯи соли сеюми риштаи дорусозии Донишкадаи Носири Хисрави шаҳри Бохтарро аз дарс хондан дар донишкада маҳрум ва “облава”-аш карда, маҷбуран ба хидмати ҳарбӣ бурданд. Муҳаммадҷон Нурӣ, писари аршади марҳум устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), дар гуфтугӯ бо... Читать далее →

Саранҷом, мақомот маҳалли нигаҳдории бародар ва бародарзодаи устод Нуриро равшан карданд

Баъд аз тақрибан як моҳ, мақомоти вилояти Хатлон гуфтанд, ки бародари устод Нурӣ, Нурулло Саидов ва бародарзодаи устод, Муҳибулло Нуриддинов дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Бохтар қарор доранд. То ин замон, мақомот маҳалли нигаҳдории ин ду наздикони устод Саид Абдуллоҳи Нуриро пинҳон ва чизе дар бораи он намегуфтанд. Писари Нурулло Саидов изҳори нигаронӣ кард, ки чаро... Читать далее →

Муҳаммадҷон Нурӣ: “Боздоштҳои ахири наздиконамонро ҳамчун як қасосгирӣ медонем”

Муҳаммадҷон Нурӣ, писари аршади устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва узви Риёсати Олии ҲНИТ, собиқ раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Душанбе ва муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС), бо таъкид бар ин ки “борҳо аз вуҷуд доштани таъқибу фишорҳо болои хонаводаамон гуфта будем, ҳатто болои бародарони таниам, ки дар Тоҷикистон буданд”, гуфт:... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗС оиди боздошти Муҳибулло Нуриддинов, бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни шадидан маҳкум кардани боздошти Муҳибулло Нуриддинов - бародарзодаи марҳум устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, аз мақомоти марбутаи Тоҷикистон тақозо мекунад, фавран ӯро озод ва ба хотири боздошти беҷиҳати вай, аз ӯ узрхоҳӣ намоянд. КШНГЗС бо итминони комил мегӯяд, Муҳибулло Нуриддинов ҳеч айб ва гуноҳе ба ҷуз... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑