Зодрӯзат гиромӣ бошад Абдусаттор!

Ҳамзамон бо Завқибек Саидаминӣ, ёри ғори ӯ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ имрӯз ҷашн дорад, ӯ ҳам зодрӯзаш аст. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни таҳниати ин рӯзноманигор ва фаъоли иҷтимоӣ, аз Худо мехоҳад ҳар чи зудтар ин марди шариф низ озод шавад. Ахиран, Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон (CPJ), созмони ҳомии озодии баён,... Читать далее →

Вақте нашри шеъри як шоири дарборӣ “ҷиноят” дониста мешавад.

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз рӯзноманигорони зиндонӣ ва боздоштшуда Имрӯзҳо ҷараёни муҳокимаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигор ва блогери маъруфи тоҷик, пушти дарҳои баста идома дорад. Яке аз “ҷурм”-ҳое, ки ба гарданаш бор кардаанд ин аст, ки вай ба чанд матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ “лайк” мондааст. Ва аз ҳама тааҷҷубовартараш ин аст, ки ӯро ба доштани нусхае... Читать далее →

Соли ҷорӣ бадтарин сол барои журналистика дар Тоҷикистон буд

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз рӯзноманигорони зиндонӣ ва боздоштшуда Дар соли ҷорӣ (2022) дар Тоҷикистон шумори зиёде аз блогерон, хабарнигорон ва рӯзноманигорон аз ҷумла Далери Имомалӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Завқибек Саидаминӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Ҳушом Ғулом, Муяссар Саъдоншоев, Ифтихор Саидбеков, Комчек Мирзоев ва дигарон ба хотири фаъолиятҳои хабарнигориашон боздошт шуда, ҳукми баъзе аз... Читать далее →

Абдуманнон Шералиев: “Мардум онҳоро комилан фаромӯш кардаанд”

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз рӯзноманигорони боздоштшуда Абдуманнон Шералиев, рӯзноманигори тоҷик, дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, бо ишора ба боздошти чаҳор рӯзноманигор ва блогери маъруф аз сӯи режими Раҳмон, навишт: “Аз 9 миллион сокини кишвар ҳазор нафар пайдо нашуд, ки садои эътироз баланд ва аз онҳо ҳимоят кунад.” Вай афзуд, мардуме, ки... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑