Шераму андар биёбони бало афтодаам. Чун Ҳусайни дар миёни Карбало афтодаам. Ашкрезонам, ғарибам, хастаам, бечораам, Ё ки боронам аз боми ҳаво афтодаам? Гар сухан аз ҳақ бигӯйӣ, торуморат мекунанд, Дар миёни ин ҳалоҳилҳо чаро афтодаам? Одам ар бо қимати ҳайвон баробар мекунанд, Ман, ки ҳайвон нестам, гӯед куҷо афтодаам? Юсуферо корвоне кард бурун аз чоҳи... Читать далее →
Шаҳидон зиндаанду ёдгоранд…
Шаҳодат бод пирӯзат қӯмондони бадахшонӣ! Ғурурат хуфта дар номуси мардони бадахшонӣ! Зи дасти подаи аъдо надидӣ рӯзи беҳ акнун! Бихоб осуда ҳоло шери майдони бадахшонӣ! Шаҳодат бод пирӯзат қӯмондони бадахшонӣ! (Пайрави Иқбол)
Нӯҳ соли зиндагӣ, дар вартаи зиндон сипар
Нӯҳ соли зиндагӣ, дар вартаи зиндон сипар, Ай Юсуфи Канъони дур, аз дидаи доғи падар! Рӯзе синонат бишканад, занҷираи зиндонро, Эй пайкари равшанзамир, ай бандаи соҳибназар! Озодӣ дар савти умед, рӯзе ба гӯшат мерасад, Имрӯз ё фардо нашуд, фардо расад рӯзи дигар. (Пайрави Иқбол) #Ҳафтаи_Шобудин_Бадалов #Озодӣ_ба_Шобудин_Бадалов #Свободу_Шобудину_Бадалову #Free_Shobudin_Badalov