14 саволи беҷавоби модари шаҳид ба мақомоти Тоҷикистон

Певистамоҳ Абдулмӯъминова, модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков, ки ба дасти нерӯҳои амниятӣ ва интизомии режими Эмомалӣ Раҳмон ба қатл расидааст, дар як баромади видеоӣ, бо овардани 14 далелу ҳуҷҷат бар дурӯғ будани иддаоҳои мақомот, хитоб ба ҳамаи тоҷикистониҳо тасреҳ кардааст: “Ба ягон раис ва сардори мақомотҳои давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бовар накунед!” Матни пурраи... Читать далее →

Аз дуои мазлум бипарҳезед – (Тасвир)

Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) фармоянд: اتَّقوا دعوةَ المظلومِ، وإن كان كافرًا، فإنه ليس دونها حجابٌ “Аз дуои мазлум бипарҳезед (ки мабодо бар шумо дуо кунад), ҳарчанд кофир аст, зеро пеши роҳи ин дуо пардае вуҷуд надорад. (Яъне, байни дуои мазлум ва Худо парда ва ҳиҷобе нест, ки монеъ аз қабул шуданаш гардад, мусалламан дуои вай... Читать далее →

Абдусаттор Бобоев: “Бешак дуои мазлум мақбули даргоҳи Ҳақ аст!”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷкистон (КШНГЗС), бо арзи таслияти даргузашти писари Исмоил Муҳаммадзоир, абераи Эмомалӣ Раҳмон, бо таъкид бар ин ки “бешак дуои мазлум мақбули даргоҳи Ҳақ аст!”, хотирнишон карда: “Чанд рӯз қабл модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков, Певистамоҳ Абдулмӯъминова, дар номаи табрикиаш ба муносибати Иди саъиди Фитр, алайҳи қотилони... Читать далее →

Табрики модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков ба муносибати Иди саъиди Рамазон ва дуои вай алайҳи қотилони писараш

Певистамоҳ Абдулмӯъминова, модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков, дар ёддоште ба муносибати Иди Рамазон, зимни табрики ин иди саъид ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, бо баёни ин ки “силоҳи ман, дуои ман аст”, алайҳи касоне, ки писарашро ноҷавонмардона ба шаҳодат расондаанд дуо ва дархост кардааст: “Ман ба тамоми хоҳарону бародарони Тоҷикистон, хоҳ аз Зарафшон бошанду хоҳ аз Бадахшон,... Читать далее →

7 саволи модари Гулбиддин Зиёбеков аз КДАМ

Модари Гулбиддин Зиёбеков дар номае ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, 7 савол матраҳ карда ва хостааст, масъулони ин ниҳод ба саволҳои ӯ ҷавоб диҳанд. Певистамоҳ Абдулмӯъминова, модари Гулбиддин Зиёбеков, дар номае саркушода ба масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ), 7 савол матраҳ карда ва хостааст, масъулони ин ниҳод ба саволҳои ӯ посух диҳанд.... Читать далее →

Ман надорам силоҳу на тир // Қаламам силоҳу суханам тир

Певистамоҳ Абдулмӯъминова, модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков, ки чанде пеш ба дасти нерӯҳои амниятии режими Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон кушта шуд, дар навиштае шеърмонанд, достони ғамангези шаҳодати писарашро ба тасвир кашидааст. Ӯ дар ин навишта – ки гуфтааст, “ман шоир нестам, аммо аз зулми ҳукумати нав қалам ба даст гирифтам” – дар поён баён дошта: “Ман... Читать далее →

Паёми наврӯзии модари шаҳид ба мақомоти тоҷик

Певистамо Абдулмӯминова, модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков, ба муносибати Наврӯз, паёме катбӣ ба ҳукумати нави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта. Ӯ дар ин паёми кӯтоҳи худ, бо табрики Иди Наврӯз ба ҳукумати нав, дуо кардааст, “ҳамаи онҳое, ки дар қатли писарам чун ҷосус иштирок доштанд, мисли ман сиёҳпӯш, ҷигарпора, заиф ва мотам насибашон шавад!”... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑