Даст аз фишор бар хонаводаи Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ бардоред!

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ Дар як соли ахир, агар саъю талошҳои бевақфаи ду рӯзноманигор дар мунъакис кардани воқеиятҳои талхи Помир ва он чи режими Эмомалӣ Раҳмон ба сари мардуми бегуноҳи ин минтақа овард набуданд, бешак ҷаҳониён ва ҳатто мардуми соири манотиқи Тоҷикистон, аз он чи дар Бадахшон мегузарад хабаре... Читать далее →

КШНГЗ: “Фишору таъқиби Рустами Ҷонӣ ва Анора Саркорова аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон, ба хотири фаъолияти рӯзноманигории онҳост”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) бо нашри баёнияе, парванда бар зидди рӯзноманигор Рустами Ҷониро “парвандаи сиёсӣ” дониста, наздикони Рустами Ҷонӣ ва Анора Саркороваро “гаравгон дар дасти ҳукумати Тоҷикистон” унвон кардааст. КШНГЗ ин фишору таъқиб аз ҷониби мақомоти Тоҷикистонро посух ба фаъолияти рӯзноманигории Рустами Ҷонӣ ва Анора Саркорова донист. Баёнияи Кумитаи шаҳрвандии... Читать далее →

Инҷо “қатлгоҳ” аст, на “додгоҳ”

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз рӯзноманигорони зиндонӣ ва боздоштшуда Дирӯз бегоҳӣ (17 октябри 2022) Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери маъруфи тоҷик, ба 10 сол зиндон маҳкум гардид. Ба навиштаи расонаҳо, додгоҳи вай дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе эълон шуд. Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигори тоҷик, дар ёддоште кӯтоҳ, бо ишора ба ҳукми Далер, навиштааст: “Додгоҳ” Далери Имомалиро 10... Читать далее →

Гуфтани воқеияти Помирро ҳукумат хиёнат медонад

Рустами Ҷонӣ 24-уми июн ду журналисти помирӣ, Муяссар Садоншоев 11 сол ва Ифтихор Саидбеков 10 сол ҳукми ҳабс гирифтанд. Суди саркӯбгар онҳоро бо банди "хиёнат ба ватан" гунаҳкор донист. Ин ду ҷавон, ба қавли мақомоти тоҷик, муроҷиатҳои "Комиссияи 44"-ро навор мегирифтанд, танзим карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекарданд. Муҳтавои ин муроҷиатҳо қонунӣ буданд ва кирдори... Читать далее →

Генерал Холбаш Холбашев гуфт, бегуноҳ аст, вале ба ӯ ҳукми абад доданд

Рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ дар ёддоште кӯтоҳ бо таъкид бар ин ки ба генерал Холбаш Холбашев дирӯз ҳукми абад доданд, навишт: “Мақомот генерал Холбаш Холбашевро бо 11 банди қонун гунаҳкор ва роҳбари тазоҳуроти Хоруғу Рӯшон меҳисобид. Генерал Холбаш Холбашев гуфт, бегуноҳ аст ва тамоми айбҳои додситонӣ тӯҳматанд.” Вай дар ин ёддошт навиштааст: “Дирӯз генерали нерӯҳои марзбониро... Читать далее →

Муҳаммад Султон: “Ҳеч ҳарфе аз каломамро пас намегирам”

Рустами Ҷонӣ Муҳаммад Султон, аз журналистони зиндонӣ дар Тоҷикистон изҳор доштааст: “Ҳарчӣ навишта ва гуфтааст воқеият буда, ҳарфе аз каломашро пас намегирад.” Ӯро нерӯҳои амниятии тоҷик 16-уми май барои нашри афкор ва ахбор дар бораи воқеаҳои Помир дар хонааш боздошт карданд. Ӯ ба кормандони амният ҳангоми бозпурсӣ гуфтааст, ки аз онҳо наметарсад ва ба ҳар... Читать далее →

Ӯ ҳар касеро, ки ҳукумат кушт, шаҳид хитоб мекард

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор, дар ёддоште, бо ишора ба зиндонӣ карда шудани халифа, Музаффар Давлатмиров тавассути режими Эмомалӣ Раҳмон, тасреҳ кард, ки халифа Давлатмиров “касонеро, ки ҳукуматиҳо дар Помир куштанд, шаҳид хитоб кард. Ӯ аз чеҳраҳои нофорам барои ҳукумат буд, чунки дахолати онҳоро ба умури мазҳабӣ напазируфт.” Ёддошти Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст: “Музаффар Давлатмиров,... Читать далее →

Рустами Ҷонӣ: “Рӯзи додхоҳӣ наздик аст”

Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ, дар ёддоште, бо ишора ба фоҷеаи Рӯшон, ки режими Раҳмон дар он беш аз 20 нафар шаҳрванди мусолиматомезро ба қатл расонда ва садҳо нафари дигарро захмӣ намудааст, навишт: “Яке аз фаъолони помирӣ дар мукотиботи шахсӣ хабар расонд, ки мақомоти тоҷик ӯро парванда кардаанд.” Ҷонӣ аз забони ин тоҷики бадахшонӣ навишт, ки ӯ... Читать далее →

“Гуноҳ”-ҳои Улфат як ҳазёни дигари ҳукумат

Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ, дар ёддоште, бо ишора ба иҷбори фаъоли маданӣ, Улфатхоним Мамадшоева аз тарафи режими Раҳмон ба коре, ки накардааст, бо таъкид бар ин ки “ҳар кӣ дар ин қазия бетарафӣ ихтиёр карда, дар оина бояд худро бишиносад”, хотирнишон кардааст: “Мақомоти тоҷик, аз тариқи як гузориши тарғиботӣ, ки аз номи “Тоҷикфилм” нашр шуд ва... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑