Номаи ҷонгудози як модари тоҷик ба Азизамоҳ Асадуллозода, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Салом алайкум ва раҳматуллоҳ! Бону Азизамоҳ! Аввалан шуморо ба рӯзи модарон, ки ҳамасола онро дар Тоҷикистон бо шукӯҳ ва шаҳомат ҷашн мегиранд, табрик мегӯям. Дар бораи чӣ ҷашн будани рӯзи бонувон, ки баъдтар онро ба рӯзи модар табдил доданд, чизе намегӯям. Инро... Читать далее →
Ҳафтаи дифоъ аз Шоҳида Маҳмадҷонова — (видео)
https://videopress.com/v/3VmhNJKH?resizeToParent=true&cover=true&preloadContent=metadata&useAverageColor=true #Ҳафтаи_дифоъ_аз_Шоҳида_Маҳмадҷонова #Озодӣ_ба_Шоҳида_Маҳмадҷонова #Свободу_Шохиде_Махмадджоновой #Free_Shohida_Mahmadjonova
Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Юсуф Раҳмон, ба ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умед Бобозода
Ҷанобон! Тӯли чанд моҳ дар шабакаҳои иҷтимоъии Тоҷикистон наворе чарх мезанад, ки дар он як блогери наздик ба ҳукумати Тоҷикистон “Boroda.ТҶ” Музаффар Бобораҳматов бо суханҳои таҳқиромези худ на фақат модари блогери муқими Олмон “Абдураҳмон 09” Шоҳида Муҳаммадҷонова, ки (бо моддаи 307 иловаи 3, қисми 2 Кодекси ҷиноии ҶТ ба мӯҳлати 6 зиндонӣ шудааст), балки тамоми... Читать далее →
“Барада ТҶ” бояд муҷозот шавад!
Муроҷиати КШНГЗСТ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар, ба сохторҳои дахлдори ҳукумати Тоҷикистон Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ) аз мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо исрор талаб мекунад, ки суханронии шаҳрванд Бобораҳматов Музаффар, маъруф ба “Барада ТҶ”, нисбати зани зиндонӣ Шоҳида Муҳаммадҷоноваро, ки мақомоти адои ҷазои Вазорати Адлияи Тоҷикистонро дар таҷовузи... Читать далее →
КШНГЗС зодрӯзи Шоҳида Маҳмадҷоноваро табрик мегӯяд
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), бо табрики зиндонии сиёсӣ, Шоҳида Маҳмадҷонова ба муносибати зодрӯзи вай, тасреҳ кард, КШНГЗС тамоми талоши худро ҷиҳати озод шудани ин Зан-Модар ба харҷ хоҳад дод. Раиси КШНГЗС дар як гуфтугӯи кӯтоҳ бо сайти “Зиндониён”, зимни табрики Шоҳида Маҳмадҷонова ба муносибати рӯзи таваллуди ин... Читать далее →
Модар
Зафари Сӯфӣ Ба ҳар далел ва баҳонае, ки бошад, пас аз чанд моҳ дар боздошт нигоҳ доштани ин Модар ҳоло барои шаш сол зиндонӣ карданаш як фоҷеа аст. Фоҷеаи миллӣ, ки бар асари сукути ҳар яки мо рӯз аз рӯз густараву доманааш фарохтар ва умқаш жарфтару даҳшатноктар мешавад. Гӯё иқрори ӯ ба “ҷурми худ”, ки... Читать далее →
Рустами Ҷонӣ: “Мақомот он чиро бо Шерзод Маҳмадҷонов карда натавонистанд, бо модараш карданд”
Рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ гуфтааст, ҳарчанд бо суханони писари Шоҳида Маҳмадҷонова (Шерзод) дар саҳифаҳои интернет мухолиф аст, аммо бо ин ҳама ҳукм барои ин модарро “қасос мешуморад” ва ба гуфаи ӯ, “мақомот он чиро бо писараш карда натавонистанд, бо модараш карданд ва мутаасифона ин як фарҳанги роиҷ дар низоми Тоҷикистон аст.” Вай дар ёддоште дар сафҳаи... Читать далее →
Баёнияи КШНГЗС нисбат ба ҳукми ноодилонаи Шоҳида Маҳмадҷонова
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷоновро, ки бо номи “Абдураҳмон 09” блогерӣ мекунад, ба 6 соли зиндон маҳкум кардааст. Ин идомаи даҳшатфиканиҳои режими Душанбе аст, ки бори дигар ниҳояти бераҳмии ҳукуматро нишон дод. Модареро барои фаъолиятҳои писари болиғаш, ки чандин сол аст дар берун аз Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият мекунад,... Читать далее →
Сахт нест ин воқеиятро одам бифаҳмад, ки чӣ балое ба сари ин зани бечора овардаанд!
Анора Саркорова, рӯзноманигор Додгоҳи ноҳияе дар Душанбе Шоҳида Маҳмадҷоноваи 45-соларо ба 6 соли зиндон маҳкум карда. Додгоҳ ӯро ба ҳимоят аз ақидаҳои гурӯҳҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон - “Гурӯҳи-24” ва Ҳизби Наҳзати Исломӣ (ҲНИТ) муттаҳам кардааст. Бар асоси моддаҳои парвандаи ӯ, Шоҳида Маҳмадҷонова дар соли 2021 ду маротиба зери навори блогнависони мухолифи тоҷик дар YouTube шарҳе... Читать далее →