Даъвати шуморе аз хоҳарон ва бародарони тоҷик ва бонувони фаъоли ҳуқуқи башарии байналмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон барои озодии фаврии Шоҳида Маҳмадҷонова аз зиндон – (Акс ва видео)

Шуморе аз хоҳарон ва бародарони тоҷикистонии муқими Аврупо ҳамроҳ бо теъдоде аз бонувони фаъоли ҳуқуқи башарии байналмилалӣ, дар маросиме дар Литвонӣ, аз мақомоти ҳукумати Тоҷикистон дархост карданд, фавран Шоҳида Маҳмадҷоноваро аз зиндон озод кунад. Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар суханоне дар ин маросим, бо ишора ба 8... Читать далее →

Шарти мақомот барои озодии Шоҳида Маҳмадҷонова

Шерзод Маҳмадҷонов (маъруф ба Абдураҳмон09) гуфт, мақомот барои озодии модараш, Шоҳида Маҳмадҷонова, шарт гузоштанд ва он ин ки худи вай ба Тоҷикистон баргардад Дар ин бора вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт. Ба гузориши сомонаи ин радио, пайвандони Шоҳида Маҳмадҷонова гуфтанд, ки бо гузашти як моҳ аз боздошташ, ӯро надидаанд. Эътилофи зидди шиканҷа хабар дод,... Читать далее →

Ҳанӯз фарҳангӣ (одам) нашудаанд

Меҳмоншоҳ Шарифзода Ба гуфти файласуфи шинохта Э. Фром, “Таърихи инсонро метавон ҳамчун раванди шаклгирии фардият ва инкишофи озодӣ тавсиф кард”. Вале дар мо муддате боз торих ба қафо мечархад ва мақомот, ки аз сарбозони чубини ҳукумат иборатанд, бо тамоми ҳастӣ ва пастӣ бо он чи нав буд ва дигаргунист дар мубориза буданд ва ҳастанд. Корҳои... Читать далее →

Шоҳида Маҳмадҷонова кист?

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз Шоҳида Маҳмадҷонова Маҳмадҷонова Шоҳида, зодаи 15 апрели 1977 дар шаҳри Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ӯ дар Медколлеҷи шаҳри Ваҳдат таҳсил ва онро хатм кардааст. Шоҳида ба муддати 18 сол дар шӯъбаи уролоҷии беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ба унвони ҳамшираи шафқат кор карда. Ӯ модари блогер, Шерзод Маҳмадҷонов маъруф ба “Абдураҳмон09”... Читать далее →

КШНГЗС: “Шоҳида Маҳмадҷонова фавран озод шавад!”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тақозо кард, “фавран маҳалли нигаҳдории Шоҳида Маҳмадҷоноваро эълон кунанд ва маълум намоянд, ки чаро ва ба кадом далел ин бону ба хотири фаъолияти фарзанди болиғаш зери фишор қарор мегирад?” КШНГЗС афзуд: “Писари ӯ болои 18 сол син дорад ва худаш масъули гуфторҳо ва... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑