Дадоҷон Ёқубов: “Шаҳид Эшони Шамсиддин як шахси қавиирода, ҷасур, далер, шуҷоъ, нотарс ва нотакрор буд”

Дадоҷон Ёқубов, иқтисоддон, номзади илм, собиқ устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд ва аз дӯстони деринаи шаҳид Эшони Шамсиддин Шамсиддинов, хотирнишон кардааст, ки ӯ “дар шахсияти Эшони Шамсиддин як шахси қавиирода, ҷасур, далер, шуҷоъ, нотарс ва нотакрор”-ро дидааст. Вай дар ёддоште ба муносибати Ҳафтаи шуҳадои зиндон, бо баёни шарҳи ҳоли шаҳид... Читать далее →

Муҳаммадсаъид Ризоӣ: “Эшони Сайид Қиёмуддин ба ман гуфта буд: “Сари маро аз тан қатъ ва бар болои синаам мегузоранд”

Муҳаммадсаъид Ризоӣ, узви Шӯрои раҳбарии ПМТ ва аз аъзои барҷастаи ҲНИТ, зимни ёдоварии хотироте аз шаҳид Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, гуфт: “Ман ин суханро, ки: “Сари маро аз тан қатъ ва бар болои синаам мегузоранд”, аз худи ӯ шунидаам. Байни касоне, ки мӯҳлати тӯлонӣ бо ҳам кору фаъолият доштанд, чизҳои зиёде ҳаст, аз ҷумла шакарранҷишҳо.... Читать далее →

Абдусаттор Бобоев: “Унвони шаҳидро барои касе Худо ва Паёмбар медиҳанд”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) таъкид кард, ки “унвони шаҳид чизе нест, ки ман ва ё каси дигар ӯро муъайян кунад, балки онро Худо ба воситаи оятҳои Қуръон ва Паёмбари Ислом ба воситаи ҳадисҳояш муъайян кардааст.” Вай дар ёддоште, бо баёни ин ки Раҷабалӣ Одинаев тоҷири саршиноси кишвар... Читать далее →

Шаҳид Сангинмурод

Сангинмурод дар моҳи апрели соли 2016 дар СИЗО ҷоми шаҳодат нӯшидааст. Вай ронандаи шаҳид генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъи Тоҷикистон ва яке аз дӯстони наздики вай ба шумор мерафт. Сангинмурод зодаи шаҳри Душанбе аст. Ӯ аввал дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳр зиндагӣ мекард ва сипас дар кӯчаи Қаротегин мунтақил ва то замони боздошт... Читать далее →

Ҷаннатуллоҳ Комил: “Мулло Қурбон ҳеч гоҳ ба золиме тамаллуқ накард ва аз ҳадафаш даст накашид”

Ба муносибати Ҳафтаи шуҳадои зиндон Ҷаннатуллоҳ Комил, фаъоли сиёсии тоҷик ва намояндаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Олмон, дар бораи шаҳид Мулло Қурбон баён доштааст: “Бо он ихлосу имоне, ки дошт, ҳеч гоҳ нахост ба золиме тамаллуқ кунаду аз ҳадафаш даст бикашад. Ва ҳамин тавр устуворона ва ҳақгӯёна дар зиндон ба шаҳодат расид.” Вай... Читать далее →

Фарҳод Одинаев: “Қурбон Маннонов агар шарти мақомотро мепазируфт, на зиндонӣ мешуд ва на шаҳид”

Фарҳод Одинаев, фаъоли сиёсии тоҷик, дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, бо ёдоварии рӯзи шаҳодати шаҳид Маннон Қурбонов, навиштааст: “Дар 16-уми августи соли 2016, раиси бахши Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар шаҳри Норак, Қурбон Маннонов дар Муассисаи ислоҳии 3/4 шаҳри Душанбе ба шаҳодат расид.” Фарҳод Одинаев дар идома, бо баёни ин ки... Читать далее →

Шаҳид Қаноат Мукаммилов

Қаноат Мукаммилов бародари Мирзо Мукаммилов, аз ронандаҳои генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, дар моҳи марти соли 2017 дар зиндон ҷоми шаҳодат нӯшидааст. Тибқи гузориши сайти “Ахбор”, Қаноат Мукаммилов, ки сокини кӯчаи Қаротегини пойтахт буда ва ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамроҳи бародараш Мирзо Мукаммилов дар шаҳри Қазони Русия дастгир ва ба Душанбе оварда шуда буд,... Читать далее →

Шаҳид Ғоиб Набиев

Дар тирамоҳи соли 2015, Ғоиб Набиев, аз ҳамроҳони шаҳид генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъи Тоҷикистон, ба иттиҳоми “ҳамдастӣ ва ҳамкорӣ бо генерал Назарзода” тавассути нерӯҳои амниятӣ ва интизомии режими Раҳмон боздошт ва равонаи зиндон шуд. Ғоиб Набиев, ки зодаи соли 1963 мебошад, дар зиндон ҷоми шаҳодат нӯшидааст. Бо камоли таассуф сана ва... Читать далее →

Шаҳид Алишер Билолов

Ба муносибати Ҳафтаи шуҳадои зиндон Дар “Ҳафтаи шуҳадои зиндон”, ки аз сӯи дӯстон дар Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) роҳандозӣ шудааст, ҳайф аст шаҳидоне ёд нашаванд, ки воқеан гумном буданд ва ҳеч кас дар бораи онҳо нанавишта ва ҳатто дар расонаҳо хабаре аз онҳо наомада. Яке аз онҳо, марҳум шаҳид Алишер... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑