Нақли ҳодисаҳои талхе, ки “Фронти халқӣ” бар сари хонаводаи Ҷаннатуллоҳи Комил овард – (Аз забони худи Ҷаннатуллоҳ)

Ҷаннатулоҳи Комил, фаъоли Паймони Миллии Тоҷикистон ва узви ҲНИТ ва раиси дафтари ПМТ дар Олмон, ҳодисаҳои талхе, ки бо хонаводаи ӯ ва наздиконаш дар Себистони ноҳияи Данғара пас аз рӯи кор омадани ҳукумати кунунӣ воқеъ шуда ва ин ки “Фронти халқӣ” чӣ гуна онҳоро ба қатл расондаанд ва ҳатто кӯдакони хурдсол аз ҷумла бародари дуюнимсолаи... Читать далее →

Баёнияи таслият ба муносибати даргузашти Бобои Мирзоумар

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо андӯҳи амиқ даргузашти зиндонии сиёсӣ, узви фаъоли Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва собиқ раиси бахши ин ҳизб дар ноҳияи Ваҳдат, Табаров Мирзоумарро ба аъзоёни ҲНИТ, махсусан хонавода ва наздикони марҳум таслият арз медорад. Бобои Мирзоумар 77 сол умри бобаракат дошта, дар ҳаводиси соли 2015 бо... Читать далее →

5-соли ҳабси табиб Мирзои Ҳоҷимуҳаммад барои фошкориҳо оиди сиёсати коронавируси ҳукумат

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, раиси департаменти умури хориҷаи ПМТ Табиби тоҷик Мирзоқул Ҳоҷиматов (маъруф ба Мирзои Ҳоҷимуҳаммад) ба хотири постҳои фейсбукӣ ва фошкориҳояш дар мавриди вазъияти вабои ҳамагир дар Тоҷикистон, бо иттиҳомоти сохта ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ, ки шаҳрвандии Русияро дошт ва дар вилояти Тюмени Русия ба ҳайси табиб кору зиндагӣ мекард, рӯзи 22-уми... Читать далее →

Воҳидхон Қосиддинов кист?

Воҳидхон Қосиддинов, сиёсатмадор, фаъоли иҷтимоӣ, раиси шӯъбаи интихоботи ҲНИТ, муовини собиқи раиси ҲНИТ, раиси собиқи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Исфара ва раиси собиқи дастгоҳи ин ҳизб аст. Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломӣ мебошад. Воҳидхон соли 1956 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дар оилаи косиб таваллуд шудаааст. Ӯ шаби 16-уми сентябри... Читать далее →

Муҳаммадалӣ Исломов озод шуд. Табрик мегӯем!

Муҳаммадалӣ Исломов, собиқ масъули Шӯъбаи ҷавонони ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, ахиран аз зиндон ва пас 6 сол озод шуд. Ӯро ба баҳонаҳои воҳӣ ва пуч ва беасос ба 7 сол зиндон маҳкум намуда буданд. Инак, ӯ пас аз сипарӣ шудани ин муддат, ба назди аҳли оила ва фарзандонаш баргашт. Гуфтанист, Муҳаммадалӣ Исломов мутаваллиди 4 декабри... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗ оиди шиканҷаи Абдуқаҳҳори Давлат дар зиндон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) нигаронии амиқи худ нисбат ба озору шиканҷа шудани Абдуқаҳҳори Давлат - зиндонии сиёсӣ, рӯзноманигор ва узви Раёсати Олии ҲНИТ ва интиқоли ӯ ба утоқи маъруф ба “картсер”-ро иброз дошта, ин амали ғайриинсониро шадидан маҳкум ва аз мақомоти Тоҷикистон тақозо мекунад, даст аз ин амали зишт ва... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗС дар пайи шаҳодати зиндонии сиёсӣ, Бобоев Абдусаттор

Бо камоли андӯҳ, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) шаҳодати Бобоев Абдусаттор, зиндонии сиёсӣ ва раиси собиқи ноҳиявии ҲНИТ ва узви Раёсати олии ин ҳизбро ба ҳамватанон ба хусус бастагони марҳум ва тамоми аъзои ҲНИТ ва раҳбари он таслият мегӯяд. Шаҳодати ин фаъоли сиёсӣ дар зиндон бори дигар нишон медиҳад, ки шароит... Читать далее →

Истиқболи КШНГЗ аз талаби Гурӯҳи кории СММ

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШГНЗ) аз талаби ахири Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон мабнӣ бар озодсозии фаврии 11 узви Раёсати Олии ҲНИТ истиқбол мекунад ва умедвор аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба талаби ин ниҳоди байналмилалӣ посухи мусбат дода, зиндониёни сиёсиро фавран озод намояд. Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид... Читать далее →

СММ талаб кард ҳукумати Тоҷикистон раҳбарони зиндонии ҲНИТ-ро фавран озод кунад

Ба гузориши сомонаи Ахбор, гурӯҳи кории Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона (The United Nations Working Group on Arbitrary Detention) ба хулосае расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо боздошти 11 узви Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ӯҳдадориҳои худ дар масъалаи ҳуқуқи инсонро поймол кардааст. Бино ба хулосаи СММ, “хеле рӯшан аст, ки… заминаи боздошт ва баъдан зиндонӣ кардани 11 узви ҲНИТ дар асл истифода бурдани... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑