Баёнияи КШНГЗС оид ба заҳролудшавии зиндониён

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни ибрози нигаронии амиқи худ нисбат ба вазъияти пешомада дар зиндони нав дар Ваҳдат, ки ҳудуди 40 нафар зиндонӣ заҳролуд гардида ва дар шароити бисёр вахим қарор доранд, аз тамоми созмонҳои марбутаи дохилӣ ва хориҷӣ тақозо мекунад, дар ин қазия дахолат кунанд ва аз Ҳукумати Тоҷикистон бихоҳанд, то ба зиндониёни бемор кӯмаки оҷили тиббӣ расонда, онҳоро аз ин ҳолати нигаронкунанда берун оварад.

Шабакаи Аздо тв бо такя бар манобеи худ овардааст, ки дар ҳафтаи ахир дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ), ки дар шафати роҳи Душанбе-Ваҳдат нав бунёд шудааст, ҳудуди 40 нафар аз зиндониён заҳролуд ва бемор гардидаанд ва айни замон баъзе дар шӯъбаи беҳдоштии зиндон (санчаст), баъзе ҳам дар долонҳои он ва қисме низ дар катҳои хоби худ бистарӣ шудаанд.

Ба гуфтаи манобеи Аздо тв, сарчашмаи ин заҳролудшавии гусутурдаи зиндониён хазонаи зеризаминии оби муассиса будааст, ки дар натиҷаи дуруст ҳифозат накардани он оби ошомидании зиндон заҳролуд гаштааст.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни изҳори нигаронии амиқи худ тақозо мекунад:

1 — Омбудсмени кишвар ҳамроҳ бо намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фавран ба ин зиндон рафта, зимни ошноии наздик бо беморон, вазъияти пешомадаро шарҳу тавзеҳ бидиҳад;

2 — Намояндаҳои Созмони Афви байналмилал (Amnesty International) аз зиндониёни бемор боздид карда, аз наздик бо вазъияти онҳо мутталеъ гарданд ва барои беҳбуд ёфтани онҳо иқдомҳои амалӣ намоянд;

3 — Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ва Рӯзноманигорони бидуни марз намояндаҳои хешро ба ин зиндон ирсол ва аз шароити зиндониён огоҳ гарданд ва гузорише муфассал аз ин вазъияти вахим пешниҳод намоянд;

4 – Мақомот сабабгорон ва муқассирони аслии ин фоҷеаро пайдо намоянд, то муҷозот шаванд ва афкори умумиро низ аз ин иқдомҳо огоҳ созанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

Варшава, Лаҳистон

29.10.2021

Оставьте комментарий

Создайте бесплатный сайт или блог на WordPress.com.

Вверх ↑