Изҳори нигаронӣ аз вазъи саломатии зиндонии сиёсӣ, Ҷалолиддини Маҳмуд

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо ибрози нигаронии шадиди худ аз вазъи саломатии зиндонии сиёсӣ, Ҷалолиддини Маҳмуд, аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари дохилӣ ва хориҷӣ хоҳиш ба амал меоварад, зимни боздид аз ӯ дар зиндон ва огоҳ гардидан аз вазъи саломатии ӯ ва соири зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, ниҳояти талоши хешро ҷиҳати беҳбуд ёфтани саломатии онҳо ба харҷ диҳанд. КШНГЗС ба ин назар аст, ки нигаҳ доштани Ҷалолиддини Маҳмуд ва низ соири зиндониёни сиёсӣ дар зиндон бо таваҷҷӯҳ ба синну соли болои онҳо, хилофи меъёрҳои умумибашарӣ аст, аз ин рӯ аз мақомоти тоҷик тақозо мешавад, фавран онҳо озод шаванд.

Лозим ба зикр аст, бино ба хабари Аздо.тв субҳи 17-уми декбари соли 2022 вазъи саломатии Ҷалолиддини Маҳмуд, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва даҳҳо зиндонии дигар бар асари хуруҷи бемории шадиди эпидемӣ якбора дар зиндон бад шуд. Масъулини зиндон хунукназарӣ карда, дар расонидани кӯмакҳои аввалияи тиббӣ ба онҳо таъхир карданд. Саломатии Ҷалолиддини Маҳмуд аз ҳад зиёд вазнин ва ба кумо дучор шуд. Бар асоси хабари ин расона дар 18.12.2022, Ҷалолиддини Маҳмуд як рӯз пас ба ҳуш омад ва беҳтар шуд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

Варшава, 22.12.2022

Оставьте комментарий

Создайте бесплатный сайт или блог на WordPress.com.

Вверх ↑