Вазъи ду узви Раёсати Олии ҲНИТ дар зиндон баъди шиканҷа вахим шудааст

Ду зиндонии сиёсӣ, аъзои Раёсати Олии ҲНИТ — Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва Ҷалолиддини Маҳмуд дар зиндон шиканҷа шудаанд, ки дар натиҷа вазъи саломатиашон вахим гардида ба бемористони шаҳри Ваҳдат интиқол дода шудаанд.

Тибқи иттилои манобеъи гуногун, ин ду нафарро ба хотири гирифтани эътирофоте алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зери шиканҷаи шадид қарор додаанд. Аз онҳо хоста шудааст мисли Айёмиддин Сатторов назди дурбин алайҳи ҲНИТ изҳорот диҳанд.

Қаблан расонаҳо иттило дода буданд, ки Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода аз зиндон ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол дода шудаанд. Аммо сабаби интиқоли онҳо то ҳол маълум набуд.

Ҷалолиддини Маҳмуд соли 2015 ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд ва бояд рӯзҳои наздик ба озодӣ барояд.

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ҳамроҳ бо 13 узви дигари Раёсати олии ҲНИТ боздошт гардида, ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст.

Вазъи ду узви Раёсати Олии ҲНИТ дар зиндон баъди шиканҷа вахим шудааст: Один комментарий

Добавьте свой

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: