Муҳаммадиқболи Садриддин, масъули таблиғотии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ), дар як паёми видеоӣ, аз роҳандозии кампини “Озодӣ барои Ҳаит” хабар дод.
Садриддин дар ин паёми видеоӣ, бо ишора ба озору шиканҷаҳое, ки мухолифон дар зиндонҳои Тоҷикистон бо он рӯ ба рӯ ҳастанд, ба қазияи Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ ва мусоҳибаи ҳамсари ӯ бо расонаҳо дар бораи вазъияти вахми шавҳараш дар зиндон ишора кард ва аз яко-яки шаҳрвандони Тоҷикистон дархост намуд, ки бетараф набошанд.
Муҳаммадиқболи Садриддин дар ин паёмаш ҳамчунин бо ироаи чанд тасвир аз Маҳмадалӣ Ҳаит, аз ҳамагон хост ин тасвирҳоро ҳамроҳ бо хештегҳое, ки барои ин манзур таҳия шудаанд, дар сафҳаҳои худ ба иштирок гузоранд:
#FreeHayit
#FreeMahmadaliHayit
#ОзодӣБароиҲаит
#Маҳмадалӣ_Ҳаит
#Tajikistan
#Таджикистан
#Тоҷикистон
Добавить комментарий