Изҳороти КШНГЗ дар хусуси марги мармузи зиндониён

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) куштори бераҳмонаи зиндониёнро ҳангоми интиқол аз маҳбасҳои вилоят Суғд ба пойтахт ва вилояти Хатлон дар Тоҷикистон бо шадидтарин алфоз маҳкум мекунад.

КШНГЗ масъулияти ин қатли омми зиндониёнро пурра ба дӯши ҳукумат ва бахусус ба дӯши мақомоти қудратӣ бор мекунад, зеро кафили амнияти тамоми мардум ва бахусус зиндониён ҳукумат ва дар симои он мақомоти адлия, амнияти миллӣ ва корҳои дохиливу прокуратураи Тоҷикистон дониста мешаванд ва ин ниҳодҳо вазифадор ҳастанд, ки ба корҳо ва салоҳиятҳои худ сари вақт расидагӣ кунанд ва аз ҳар гуна хатар ба ҷони шаҳрвандон ва бахусус зиндониён пешгирӣ ва аз онҳо ҳимоят кунанд.

Қобили зикр аст, ки қатли омми зиндониён дар Тоҷикистон дар камтар аз 10 моҳи ахир бори сеюм аст, ки бо шеваҳои даҳшатовар дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Ваҳдат ва инак дар шаҳри Душанбе сурат мегирад ва ҳар дафъа ҳам ҳукумат дониста ба мардум ва ҷомеа дар бораи ин ҳодисаҳои мудҳиш дурӯғ мегӯяд ва ҳақоиқро қисман таҳриф ва ҳамзамон аз чашми мардум пинҳон медорад.

Бинобар ин, КШНГЗ аз тамоми шаҳрвандон, озодихоҳон ва озодандешони кишвар дар дохил ва хориҷ аз он даъват мекунад, ки дар баробари ин ҳодисаҳо бетараф набошанд ва бо роҳҳо ва абзорҳои қонунӣ, аз ҷумла фошкориҳои зулму шиканҷа, фасодкориву пинҳон кардани ҳақоиқ аз чашми мардум, ба мақомот фишор биоранд, то аз қатлу куштор ва шиканҷаи зиндониёни мазлум даст бардоранд ва ба ин тариқ ин ҳукумати бекифояву ноуҳдабарое, ки ба хотири тамдиди бақои худ афрод нолоиқеро сари кор овардааст, то ба мардум ҳар гуна ҷавру зумлро раво бидоранд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Ҳамзамон КШНГЗ ҳамдардии амиқи худро ба тамоми хонаводаҳои зиндониёни кушта шуда ва наздикону пайвандони онҳо ва дар маҷмӯъ ба тамоми миллат арз медорад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон,

Варшава-Лаҳистон

09.07.2019

Акс аз Радиои Озодӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: