Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) рӯзҳои наздик феҳристи кормандони мақомоти қудратӣ ва интизомие, ки дар озору азият ва фишору шиканҷаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардум даст доранд, эълон хоҳад кард.
КШНГЗС тасмим гирифтааст, дар ин феҳрист, ки бо кӯмаки ҳамкорон дар созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва зидди шиканҷа тартиб дода шудааст, ному насаби тамоми кормандони мақомоти қудратӣ ва интизомие, ки дар таъқибу фишор ва озору шиканҷаи шаҳрвандони Тоҷикистон бевосита ва ё бавосита дахил ҳастанд, нашр кунад.
Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳанӯз дар ихтиёри КШНГЗС ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва зидди шиканҷа, номи баъзе аз мақомоти қудратӣ ва интизомӣ, ки дар озору азият ва фишору шиканҷаи зиндониён ва хонаводаҳои мухолифони сиёсӣ ва мардум – бевосита ё бавосита — даст доранд вуҷуд надорад, аз ин рӯ КШНГЗС аз шаҳрвандони азизи кишварамон хоҳиш ба амал меоварад, дар сурати огоҳӣ ба ин мақомот аз ҷумла кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, прокуратураҳо, судяҳо ва бахусус кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, ному насаби онҳоро ба мо бирасонанд.
Пешопеш ташаккуру сипоси худро бароятон иброз медорем.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
16.08.2019
Варшава, Лаҳистон
Добавить комментарий