Перейти к содержимому

Баёнияи таҷаммӯъи эътирозӣ дар Вена

Мо имрӯз гирдиҳам омадем, то ба самъи мақомоти мӯҳтарами Утриш бирасонем, ки Ҳизбулло Шоҳвалиевро ба Тоҷикистон истирдод накунад. Зеро медонем, дар сурати истирдоди ӯ ба Тоҷикистон, ӯро чӣ интизор аст. Медонем, ки истирдоди Шоҳвалиев ба марги ӯ анҷом хоҳад ёфт.

Зеро режими Тоҷикистон барои аз байн бурдани гуногунандешон ва мухолифонаш аз ҳеч шевае рӯй намегардонад. Магар Умаралӣ Кувватов муасиси гуруҳи 24 — ро дар назди фарзандонаш террор накард? Магар чандин нафарро аз Русия дуздида ва ба муддатҳои тулонӣ зиндон накард? Магар нафарони бегуноҳи зиёдеро дар зиндон накушт? Ҳама медонанд, ки дар паси ин ҳама ҷиноятҳо мақомотҳои амниятии Тоҷикистон меистад.

Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои мухталифи ҳуқуқи башари байналмилалӣ огоҳанд, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз бадтар мешавад, ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, шаъну шараф ва номуси ӯ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон поймол мешавад.

Бо вуҷуди ин ки Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар чанд бор дар ин бора ба ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор доданд, аммо режим ҳамаи он ҳушдорҳоро нодида гирифт.

Мо аз Созмони Милал ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башарӣ тақозо мекунем, ки фақат ба маҳкум кардан басанда накарда, роҳҳои таъсиргузортареро ихтиёр кунанд. То ба ҳол тавсияҳои ин созмонҳо дар бораи фавран озод кардани зиндониёни сиёсӣ аз қабили Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Маҳмадалии Ҳайит ва 11 тани дигар дар амал фоидае надошта.

Мо аз ҳукумати Утриш тақозо мекунем, аз тасмими худ барои истирдоди Ҳизбулло Шоҳвалиев баргардад ва нагузорад ин бародари мо пас аз истирдод, дар қабзаи касоне қарор бигирад, ки қатъан ӯро ё хоҳанд кушт ва ё ба зиндон хоҳанд андохт.

Бо эҳтиром,

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

2 марти соли 2020

Вена, Утриш

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: