Чанд мулоҳизаи ҳуқуқӣ оид ба маҳкум шудани Далер Шарифов ба ҳабс

Ба қалами Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдон ва вакили дифоъ

Тибқи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфтааст, ба ҳабс маҳкум карда шудани рӯзномагор Далер Шарифов ғайриқонунӣ буда ва ӯ “маҳбуси виҷдон” (узник совести) ба шумор меравад.

Дар оғоз лозим аст истилоҳи “маҳбуси виҷдон” таъриф карда шавад. “Маҳбуси виҷдон” (prisoner of conscience) истилоҳест, ки дар аввалҳои даҳаи 1960 тавассути ҳуқуқшиноси бритониёӣ ва асосгузори Созмони байналмилалии Amnesty International, Питер Бененсон таъйин шуда ва ба шахси боздоштшуда ё ҳабсшудае гуфта мешавад, ки ӯро фақат ба хотири баёни мусолиматомези андешаҳои сиёсӣ, динӣ ва ё илмиаш боздошт ва ё ба зиндон андохтаанд.

Ба сухани дигар, “маҳбуси виҷдон” ба шахсе гуфта мешавад, ки озодии ӯ ба сабаби андешаи сиёсӣ ё динӣ ва ё қавмият, ҷинсият, нажод, забон, миллат ё тамоюли ҷинсӣ маҳдуд карда шудааст. Лозим ба зикр аст, ки ашхосе, ки ба роҳҳои хушунтаомез рӯ меоваранд ва хушунат ва зӯровариро таблиғ мекунанд, маҳбусони виҷдон ҳисобида намешаванд.

Акнун бармегардем ба шарҳи ба ҳабс маҳкум карда шудани рӯзномагор Далер Шарифов:

1) Ҳабс:

Далер Шарифов бар хилофи талаботи моддаи 102-и Кодекси мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Асосҳои татбиқи чораи пешгирӣ), моддаи 104 КМҶ (Тартиби татбиқ намудан, тағйир додан ва ё бекор кардани чораи пешгирӣ) ва моддаи 111 КМҶ (Ба ҳабс гирифтан) маҳкум ба зиндон карда шудааст.

Шарти асосӣ ва ягонаи татбиқи чораи пешгирӣ (к.1. м.102 КМҶ), ки ҳабс яке аз намудҳои он ба шумор меояд, иборат аз ин аст, ки: мақомоти пешбарандаи мурофиаи ҷиноятӣ танҳо дар ҳолате чораи пешгириро татбиқ карда метавонанд, ки агар:

— далелҳои аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ ҷамъоваришуда асоси кофӣ диҳанд, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда метавонад аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд пинҳон шавад;

— гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ба тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ё баррасии он аз тарафи суд мамониат кунад, аз ҷумла маводди барои парванда аҳаммиятдоштаро пинҳон ё сохтакорӣ кунад ё бо роҳи ғайриқонунӣ ба шахсони дар мурофиаи ҷиноятӣ иштироккунанда таъсир расонад, бе сабабҳои узрнок бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ҳозир нашавад, ҷинояти дигарро содир намояд, ба иҷрои ҳукм монеъ шавад.

Дар қазияи Далер Шарифов дида мешавад, ки ӯ ягон ният ва кӯшиши аз тафтишот гурехтан, пинҳон шудан ва мамониат кардан дар рафти тафтишот ва ё ин ки таъсир расонидан ба шоҳидонро надошт ва карданӣ ҳам набуд.

Муфатиш ва прокуроре, ки дар рафти мурофиаи судӣ ҳабсро ҳамчун чораи пешгирӣ дархост кардаанд, бояд мутобиқи қонун ба суд далелҳои мушаххасро пешниҳод мекарданд, ки Далер Шарифов аз суд пинҳон шуданист ва ё дигар амали дар боло зикршударо иҷро карданӣ аст. Қонунгузор фақат дар бораи ДАЛЕЛ сухан меронад, на дар бораи ТАХМИНИ беасоси муфатиш ва прокурор. Ин яке аз аломатҳои вайрон кардани принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ дар парвандаи Далер Шарифов аст.

Бино бар надоштани чунин далелҳо ва фармоишӣ будани қарори суд, суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳангоми баррасии судӣ оид ба ҳабси Далер Шарифов мурофиаро пӯшида гузаронид, ки ҳатто яке аз вакилони дифоъи ӯ низ ба суд роҳ дода нашуд. (Вакили дифоъ гуфт, ки дар суд иштирок накард ва дар берун натиҷаро интизор буд.) Яъне дар ин ҳолат талаботи моддаҳои 19 ва 273-и КМҶ дағалона вайрон карда шудаанд, ки ошкор будани мурофиаҳои судиро кафолат медоданд.

Муфаттиш ва прокурор бояд ба суд далелҳои тасдиқкунандаи дархосташонро пешниҳод мекарданд, аз қабили: билетҳои қатора ва ё ҳавопаймоии ба номи Далер харидашуда, ки гувоҳӣ диҳанд, ки Далер аз тафтишот ва ё суд гурехтанист; ба даъвати муфаттишон сари вақт ҳозир нашудан, дар манзили истиқоматиаш дуру дароз истиқомат накардан; монеа шудан барои гузаронидани ягон амали тафтишотӣ; далелҳои фишор овардан ва ё кӯшиши фишор овардан ба шоҳидон (зангҳои телефонӣ ба онхо, мактубу паёмакҳо ва ғайра…)

Суд, дар навбати худ, бино бар ғайримустақил ва муттаҳам буданаш ба иртибот бо мақомоти КДАМ, маводдҳои пешниҳодшударо пурра ва кофӣ шумурда, Далерро ба муддати 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ равона кард. Хол он ки бояд мутобиқи талаботи қисми 2 моддаи 102 КМҶ ҳангоми баровардани қарор хусусияти гумонбаркунӣ ё айбдоркунӣ, шахсият, синну сол ва вазъи саломатии онҳо, намуди машғулият, вазъи оилавӣ ва молумулкӣ, мавҷудияти ҷои доимии истиқомат ва ҳолатҳои дигар ба инобат мегирифт. Далер ҷои зисти муайян дошт, оиладор, соҳиби фарзанд, ягон маротиба суд нашуда, ба чандин даъватҳои мақомот сари вақт хозир мешуд ва ғайра…

2) Тафтишот:

Тафтишот низ аз аввал ба қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ роҳ додааст. Албатта, азбаски мо айни ҳол дастрасӣ ба маводдҳои парванда аз қабили нусхаи хулосаи коршиносони судӣ оиди мақолахо ва баромадҳои Далерро надорем, оиди шоҳидон ва нишондоди онҳо ягон маълумот нест, дар ин қисмат таҳлили мо каме нопурратар мешавад. Аз аввали тафтишот аз тарафи муфаттишон маҷбуран аз вакилон дастхат гирифтан оиди фош накардани сирри тафтишотӣ ин як амали ғайриқонунӣ ва маҳдудкунандаи ҳуқуқҳои Далер ба ҳимоя буд. Дар ягон ҷои қонун оиди он нагуфтаа аст, ки тафтишот бояд ПУРРА махфӣ гузарад ва фош кардани ягон нуқтаи он ҳатто номумкин бошад.

Ҷомеа ҳуқуқ дошт, ки оиди айбҳои ба Далер Шарифов задашуда, рафти тафтишот, натиҷаи ташхисҳои гузаронидашуда хабардор бошад, чунки ин парванда аллакай парвандаи пурсару садо ва ҷаъмиятӣ шуда буд. Вале фишор болои хешу табор, наздикон ва вакилон аз тарафи кормандони тафтишотӣ ва амниятӣ боиси вайрон кардани принсипхои асосии мурофиаи ҷиноятӣ аз қабили принсипи қонуният (м.9); эҳтимолияти бегуноҳӣ (м.15); баробарӣ дар назди қонун ва суд (м.16); ошкоро будани мурофиаи судӣ (м.19); тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолатҳои кор (м.21); таъмини ҳуқуқ ба ҳимоя (м.22) ва ғайра.

То ҳол маълум нест, ки Далер Шарифов барои чопи кадом мақолаҳо ва баромадҳо аз номи мардуми Тоҷикистон зиндонӣ шудааст. Касе номгӯи ин мақола, баромадҳоро ба ҷомеа нагуфтааст. Муайян нест, ки ташхиси судиро кӣ гузаронидааст, чӣ маълумот доранд ташхисгарон, ҷои кори онҳо, собиқаи кории ташхисиашон, муносибати онҳо ба намояндагони тафтишот.

Оё ба Далер имконияти пешниҳоди дархосту раддияҳо вобаста ба таъйини ташхис дода шуд ё не?

Ба хулосаи ташхис сари вақт шинос шудааст ё не? Ин ва ин гуна саволҳо бино бар пӯшида гузаронидани марҳилаи тафтишт боиси шубҳаҳои бисёре мешаванд.

3) Суд:

Дар рафти мурофиаи судӣ низ такрори хатоҳо ва қонунвайронкуниҳои марҳилаи тафтишотӣ ошкоро дида мешуд. Мурофиаи судӣ ошкоро мебошад (м.273 КМҶ), вале судя бо далелхои сунъӣ мурофиаи додгоҳиро пӯшида гузаронид. Ҳарчанде ки расман гӯё мурофиа пӯшида набуд, вале ба он бисёриҳо роҳ наёфтанд: журналистон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баъзе аз хешону таборон.

Баҳонаи татбиқи пешниҳодҳои Созмони умумиҷаҳонии саломат оиди мубориза бар зидди коронавирус, барои суд асос барои маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати шиносоӣ бо рафти мурофиа ва инчунин татбиқи адолати судӣ аз тарафи судҳо монеа шуда наметавонист.

Ҷои тааҷҷуб аст, ки пешниҳодҳои СММ оиди баррасии қазияхои дигар зиндониҳои сиёсиро ба инобат намегиранду пешниҳоди ин ниҳоде, ки ягон алоқамандӣ ба фаъолияти судҳои Тоҷикистон ва ё Адлия надорад қабул карда шуд, ва он ҳам дар давлате, ки ягон нишонаҳои шуюъи ин вирус дар он қайд карда нашудааст.

Мутобиқи талаботи қисми 5 м.273 КМҶ — шахсони иштироккунанда дар ҷаласаи ошкори суд ҳуқуқ доранд рафти мурофиаро ба коғаз ва навори магнитофон сабт намоянд. Суратгирӣ ва сабти видео танҳо бо иҷозати раис ва ризои тарафҳо мумкин аст.

Суд иштироки хешу табор, назоратчиён, намояндагони ҷомеаи шахрвандӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатии ҳифзи ҳуқуқро дар мурофиа поймол намуда, барои намояндагони маркази матбуотии КДАМ, ки аз оператор, “журналист” иборат буд, иҷозат ва сабти мурофиаро додааст. Боварии комил дорем, ки дар қабатҳои маводдҳои парванда ягон таъйиноти судӣ оиди иҷозати сабти видеоӣ вуҷуд надорад.

Мо боварии комил дорем, ки баёнияе, ки пас аз анҷоми мурофиа, Далер Шарифов ба ин ашхоси шубҳанок додааст, зери фишор, тахдид ва дар ҳолати ногуворӣ додааст. Далели ин он аст, ки Далер ба саволи “худро гунаҳгор меҳисобед”, ҷавоби “ман хато кардам” медиҳад. Далер журналист, сухандон аст ва албатта, ки фарқияти гунаҳгор ҳисобидан, ки аз амали барқасдона бармеояд ва “хато кардан”, ки аз беэҳтиётӣ ва тасодуфӣ пайдо мешавад, хабардор аст. Ва бо ин ишора ӯ ба мо гуфтанист, ки баёнияи ӯ дар бораи розӣ будан ба ҳабси яксолааш маҷбурист, ӯ розӣ нест ба чунин ҳукм, ӯ гунаҳгор нест.

Бинобар ин, чунин меҳисобем, ки бояд ҳамаи имкониятҳои мавҷудбударо истифода бурда аз мақомоти Тоҷикистон талаб карда шавад, ки парвандаи Далер Шарифов аз сари нав бо таъмини тамоми талаботи қонунӣ дида баромада шавад ва ё Далер Шарифов фавран озод карда шавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: