Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо нигаронии том изҳор медорад, ки вазъият дар зиндонҳои Тоҷикистон хеле вахим буда, ҳолати садҳо тан аз зиндониён дар хатар аст.
Бар асоси иттилоъоти мухталифе, ки мустақим ва ғайримустақим ба Кумита мерасанд, садҳо нафар аз зиндониён ба коронавирус гирифтор шудаанд ва вазъияти саломатии аксари онҳо вахим арзёбӣ мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон замоне вуҷуди ин бемориро дар кишвар эътироф кард, ки садҳо нафар ба он мубтало гардида буданд. Дар ҳоли ҳозир низ омори дақиқи гирифторони коронавирусро аз мардум ва расонаҳо пинҳон медорад.
Ҳукумат бо вуҷуди ҳамагир шудани коронавирус, мутаассифона то кунун вуҷуди онро дар зиндонҳо расман эътироф накарда, тамоми зиндониёни сироятшударо мубталоёни «зуком» ва ё «илтиҳоби шуш» унвон мекунад. Ҳукумат аз ин тариқ зиндонҳоро низ ба мисли шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба маркази шуюъи коронавирус дар Тоҷикистон табдил додан мехоҳад.
Дар шароити феълӣ ҳар лаҳза ғанимат дониста мешавад ва бо анҷоми тадбирҳои хуб, аз ҷумла тибқи меъёрҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ камтар кардани теъдоди инсонҳо дар маконҳои пуродам, ба мисли зиндонҳо метавонад ҷони ҳазорҳо инсонро аз хатари ин ва дигар бемориҳои сироятӣ наҷот диҳад.
Бинобар ин, Кумита пешниҳод мекунад:
1) Ташхиси пурраи зиндониён новобаста аз бемор будан ё бемор набуданашон вобаста ба коронавирус аз тарафи мутахассисони беғарази тиббӣ, ва бо ҳузури намояндагони Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон;
2) Пурра ҷудо намудани шахсони мабталои коронавирус аз дигар афроди солим дар ҷойҳои алоҳида ва ё дар муассисахои тиббии ғайри низоми Вазорати Адлия;
3) Маҳдудиятҳои сӯҳбатҳои телефонии зиндониён бо хонаводаҳояшон дар шароити кунунӣ пурра бардошта шавад;
4) Бар асоси меъёрҳои инсондӯстӣ беморони шадидро барои табобат ба манзили истикоматиашон рухсат диҳанд, то рӯзҳои поёнии умрашонро дар назди аҳли байташон гузаронанд;
5) Ҳукумат фавран теъдоди мутахассисони соҳаи тиббро дар тамоми зиндонҳо зиёдтар кунад, то тавонанд сари вақт ба кӯмаки беморон бирасанд;
6) Ҳукумат бояд тамоми зиндонҳои кишварро пурра бо доруворӣ, лавозимоти тиббӣ ва хӯрока аз ҳисоби буҷети кишвар таъмин кунад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
Варшава-Лаҳистон
05-05-2020
Добавить комментарий