Баёнияи КШНГЗ оиди шиканҷаи Абдуқаҳҳори Давлат дар зиндон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) нигаронии амиқи худ нисбат ба озору шиканҷа шудани Абдуқаҳҳори Давлат — зиндонии сиёсӣ, рӯзноманигор ва узви Раёсати Олии ҲНИТ ва интиқоли ӯ ба утоқи маъруф ба “картсер”-ро иброз дошта, ин амали ғайриинсониро шадидан маҳкум ва аз мақомоти Тоҷикистон тақозо мекунад, даст аз ин амали зишт ва нописанд бардоранд.

Тибқи гузориши расонаҳо ва наздикони ин зиндонии сиёсӣ, Абдуқаҳҳори Давлат дар аввалҳои моҳи октябри соли ҷорӣ ибтидо ба зиндони ҷадиди Ваҳдат интиқол ва ба баҳонаҳои пуч ва беасос мавриди азият ва шиканҷа тавассути маъмурони зиндони мазкур қарор гирифт ва сипас ба утоқи маъруф ба “картсер” интиқол дод шуд.

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик, дар гуфтугӯ бо шабакаи Аздо тв, бо баёни ин ки сабабҳои интиқоли зиндониҳо ба ин утоқ мухталиф аст, яке аз иллатҳои интиқоли онҳо ба картсерро “интиқоди зиндониён аз яке аз намояндагони ҳокимият ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматиашон” унвон дошта, афзудааст: “Маҳбусони сиёсӣ барои режими имрӯзаи кишвар хатар доранд, ҳарчанд дар зиндон бошанд. Ба картсер ҷой кардани онҳо ба муддатҳои гуногун ин як навъ усули шикастани руҳияи озодихоҳии онҳост.”

Гуфтанист, Абдуқаҳҳори Давлат дар гузашта низ чандин маротиба ба сабабҳои номаълум ба тавқифгоҳи ҷаримавӣ ва “картсер” бурда шуда, мавриди шиканҷаи зиндонбонҳо қарор гирифтааст.

Моҳи майи соли 2019 ҳангоми бурузи ҳодисаи хунин, ки дар натиҷаи он 29 маҳбус ва 3 зиндонбон дар зиндони маъруф ба «кирпичний»-и шаҳри Ваҳдат кушта шуда буданд, Абдуқаҳҳори Давлат низ аз ноҳияи дастонаш захмӣ шуда, ангуштони дасташ шикаста буданд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) зимни ибрози нигаронии амиқи худ нисбат ба ин амали ғайриинсонӣ, аз созмонҳои ҳуқуқи башарии амалкунанда дар дохили Тоҷикистон ва берун аз он ва низ созмони дифоъ аз рӯзноманигорон тақозо мекунад, аз мақомоти Тоҷикистон бихоҳанд, даст аз ин иқдомҳои нописанд бардоранд ва ба ҳамаи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи зиндониён пойбанд бошанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ)

12 октябри 2021 Варшава, Лаҳистон (Поланд)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: