Баъд аз ба имзо расидани созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҷониби дигар яъне ҳукумати имрӯза дар баробари он на танҳо пойбанд ба аҳдоф, тааҳҳудот ва принсипҳои ин созишнома намонд, балки дар ду даҳсолаи ахир даст ба ҳаракатҳое зад, ки ҳадсу гумон роҷеъ ба ғайри қобили инкор шудан ва нақши ҳукумати Тоҷикистон ва дар раъси он Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бастани созмонҳо, ҳизбҳо ва саркӯбу фишор бар мухолифонро чи дар дохил ва чи дар хориҷ зиёд кард. Инчунин бо сохтану бофтани ҳодисаҳои гуногун ба қатлу зиндон ва боиси тарки кишвар ва фирори мунтақидон, сиёсатмадорон ҳуқуқшиносон, журналистон, дигарандешон ва шахсиятҳой бисёри сиёсиву ҷамъиятӣ гардид, ки мутаассифона то ба имрӯз ба он баҳои ҳуқуқӣ ва воқеи дода нашудааст.
Дар ин мақола, дар бораи қатл ва рабудани мухолифон тавассути мақомоти ҳукумати вақти Тоҷикистон ва ҳамчунин қатл ва шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон дар солҳои ахир оварда мешавад ба шарҳи зерин:
а) Қатли ду раҳбари фақиди ҲНИТ:
Оид ба заҳролуд шудани собиқ роҳбари Иттиҳоди Неруҳои Мухолифини Тоҷик, Саид Абдуллоҳ Нурӣ (1947- 2006) ва низ шахси дуввуми Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳаммадшариф Ҳимматзода (1951- 2010), дар сатҳҳои гуногун ва маҳфилҳои алоҳида гуфта шуда бошад ҳам, аммо ҳукумати имрӯза ва мақомоти зирабташ то ба ҳол вокунише ба он накрада ва далелҳои қонеъкунандае дар радди ин ду ҷиноят пешкаш накардааст, ки ҳадсу гумонҳоро рӯз ба рӯз бештар мекунад.
б) Қатли Сӯҳроб Шарипов ва Файзиниссо Воҳидова аз тариқи заҳролуд кардан:
Шахсиятҳое мисли Сӯҳроб Шарипов (1963-2015 ), собиқ роҳбарӣ Марказӣ Тадқиқоти Стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ва инчунин ҳуқуқшинос ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Файзиниссо Воҳидова (1963-2019) низ бо ҳамин аломатҳо аз дунё даргузашта ва маргашон мармуз ва бо фаъолиятҳояшон марбут аст.
в) Қатли Умаралӣ Қувватов, муассис ва раҳбари Гурӯҳи 24:
Дар ин миён ҳодисаҳое ҳастанд, ки дасти мустақим доштани ҳукумат ва ниҳодҳои қудратии зирабташро нишон медиҳад.
Барои мисол, роҳбари ҳаракати Гурӯҳи 24 Умаралӣ Қуватов (1968-2015) баъди тамосҳои таҳдидомези шахсони вобаста ба ҳукумат бо даъват аз ӯ, ки аз роҳаш баргардад, аммо ӯ қабул накард ва 15 марти соли 2015 дар Истанбул баъди заҳролуд кардани ӯ ва зану фарзандони хурдсолаш ба таври фоҷиавӣ кушта шуд.
г) Қатли зиндониёни сиёсӣ ва раҳбарони ҳизбҳо ва ниҳодҳо:
Дар ин ду даҳсолаи ахир афрод ва шахсиятҳои зиёде чи дар дохил ва хориҷ аз зиндонҳо, ки маргашон мармуз ва ба фаъолиятҳояшон рабт мегирад, аз дунё даргузаштаанд; Шамсиддин Шамсиддинов, муовини раиси ҲНИТ, Қурбон Маннонов, раиси ҲНИТ дар шаҳри Норак, Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон, Зайниддин Ризвонов, ҷонишини фармондеҳи Қушунҳои Хушкигарди Вазорати Мудофиа ҶТ, Каромат Шарипов, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, Умедҷон Тоҷиев, фаъоли ҲНИТ, Ҳамза Икромзода ва Умар Бобоҷонов ва даҳҳо афроду ашхоси дигар.
д) Рубоиши Эҳсон Одинаев ва сарнавишти номаълуми ӯ:
Эҳсон Одинаев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Русия, 16 Июн соли 2015 аз хонааш баромада то ҳол сарнавишташ маълум нест. Ӯ аз амалкардҳои ноҷои ҳукумат шадидан интиқод мекард. Нопадидшавӣ ва бедарак ғайб заданаш баъд аз ба такрор пешниҳодҳои ҳукумат дар мавриди хомӯшиаш будааст.
е) Қатли Сабзалӣ Мамадризоев:
Дар бетартибиҳои оммавӣ ва ҳуҷуми мусалаҳонаи ҳукумат ба шаҳри Хоруғ, Сабзалӣ Мамадризоев, раиси ҲНИТ дар Хоруғ баъди баромадаш дар майдони марказии ин шаҳр ба таври ваҳшиёна аз ҷониби нерӯҳои қудратӣ ба қатл расонда шуд, ки навори он ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоъӣ паҳн гардид.
ё) Қатли генерал Мирзо Зиёев маъруф ба “Ҷага”:
Ҳамчунин ҳодисаи соли 2010, ки бо қатли генерал Мирзо Зиёев ба анҷом расид то ҳол таҳқиқ нашудааст. Дар ин амалиёт Мирзо Зиёев гурӯҳи ба шӯромадаро аз тариқи миёнаравӣ ва подармиёнӣ мехост бо ҳукумат сулҳ биандозад, аммо худаш аз тарафи нерӯҳои ҳукуматӣ кушта шуд ва қатли ӯро саҳван унвон карданд, ки то ҳол барасӣ нашуда ва ба он баҳои ҳуқуқӣ надодаанд.
ж) Қатли генерал Абдуҳалим Назарзода ва ҳамроҳонаш:
Амалиёти соли 2015, ки ба кушта шудани теъдоде аз хонаводаи генерал Абдуҳалим Назарзода ва ба баста шудани ҲНИТ анҷомид, ҳодисаи бисёр фоҷеабор буд. Бародарони генерал Назарзодаро аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ намоиш доданд, ки омада ба мақомоти қудратӣ баёнот доданд, вале баъди пахши ин навор онҳоро ҳам ҳамроҳи бародарашон генерал Назарзода дар дараи Ромит ба қатл расонданд.
з) Рубоиш ва истирдоди Мақсуд Иброхимов , Иззат Амон, Ҳизбулло Шовализода, Абдураҳими Восе ва теъдоди дигаре:
Истирдод ва ба таври одамрубоӣ ба Тоҷикистон интиқол додани даҳҳо шахсиятҳо ва ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ намудани онҳо ба мисли Мақсуд Иброхимов, Иззат Амон, Ҳизбулло Шовализода, Абдураҳими Восе ва теъдоди дигаре, ки дар ин шабу рӯзҳо мехоҳанд онҳоро низ бо вуҷуди он, ки бархе аз онҳо шаҳрвандии кишвари буду бошашонро доранд мисли Шӯҳрат Қудратов, Қадам Исматов ва ғайра аз кишварҳои мухталиф махсусан аз Русия ба хотири фаъолиятҳои сиёсиашон, ҳанӯз таҳқиқ нашудааст.
и) Ҳодисаи қатли зиндониёни сиёсӣ Каримов Саттор, Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Саидмаҳдихон Сатторов:
Ҳодисаи моҳи май соли 2019, ки дар зиндони шаҳри Ваҳдат рух дод ба қатли Каримов Саттор маъруф ба «Махдуми Саттор» ва Саид Қиёмиддини Ғозӣ ду шахсияти матраҳи ҲНИТ ва Саидмаҳдихон Сатторов маъруф ба «Шайх Темур» анҷомид ва ҳанӯз вазъи садҳо нафар боздоштшудаҳои ҲНИТ махсусан 13 узви Райёсати Олии он норавшан боқӣ мондааст, ки ҳамаи онҳоро хатари марг таҳдид мекунад.
Добавить комментарий