Ба муносибати Ҳафтаи Нусратулло Саидов, Чоршанбе Чоршанбиев ва Амриддин Аловатшоев
Саидов Нусратулло Атоевич дар таърихи 02.07.1973 дар ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Ӯ дар соли 1980 ба мактаби миёнаи рақами 20-и ноҳияи Вахш дохил ва дар соли 1990 онро хатм намудааст. Нусратулло Саидов бародарзодаи устоди марҳум Саидабдуллоҳи Нурӣ, асосгузор ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва аз аркони сулҳу ваҳдати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Нусратулло баъди шурӯи нооромиҳои соли 1992 дар Тоҷикистон, кишварро тарк ва ба хориҷ ҳиҷрат намуд. Баъди созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ, ӯ дубора ба Тоҷикистон баргашт.
Вай дар соли 1996 дар Донишгоҳи шаҳри Тароблуси Либиё дохил ва дар соли 2000 аз он фориғуттаҳсил гардидааст.
Нусратулло баъд аз таъсиси хоҷагии деҳқонии “ИСТИҚЛОЛ-2001” дар соли 2001 дар ноҳияи Вахш, дар ин хоҷагӣ машғул ба кор шуд. Вай ҳамчунин ғоибона дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи шаҳри Душанбе, факултети ҳуқуқшиносӣ дохил ва дар соли 2011 онро хатм намудааст.
Нусратулло Саидов аз соли 2009 то 2010 ба унвони имом-хатиби масҷиди ҷомеи Мулло Нуриддини ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш фаъолият кардааст. Аз соли 2009 то ба имрӯз ҳамчун раиси Хоҷагии деҳқонии Истиқлол (Номи ҳозирааш “Кооперативи истеҳсолии Истиқлол-2001”) кор мекунад. Вай оиладор ва соҳиби 5 фарзанд мебошад.
Ба гузориши Радиои Озодӣ дар таърихи 26-уми январи соли ҷорӣ, Нусратулло Саидов ба иттиҳоми “дарёфти ёрӣ аз хориҷа” боздошт шуд. Мақомот қазияро шарҳ надоданд.

Нурмаҳмад Саидов, бародари Нусратулло Саидов, рӯзи 26-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯро маъмурони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон боздошт кардаанд. “Ду рӯз боз нишон намедиҳанд ва дар бораи сарнавишташ ҳеч хабар надорем. Мунтазирем, то иҷозаи мулоқот бидиҳанд ва сипас тасмим гирем, ки вакили мудофеъ киро кунем ё не,” – афзуд ӯ.
Ба нақли Нурмаҳмад Саидов, боздошти бародараш пас аз расондани ёрӣ ба хонаводаи маъюбон дар ноҳияи Вахш сурат гирифтааст. Нурмаҳмад Саидов дар ин бора гуфт: “Чаҳор корманди хоҷагиро низ бозпурсӣ кардаанд, ки маблағи кӯмак ба маъюбонро аз куҷо ёфтанд. Оё ин пулҳо аз хориҷи Тоҷикистон бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст ё не? Чаҳор нафар рӯзи 25-уми январ, баъди пурсиш, озод шудаанд.”
Гуфтанист, Нусратулло Саидови 48-сола дар моҳи феврали соли 2018, баъди насб шудани парчами сиёҳ дар бинои хоҷагие, ки ӯ риёсати онро ба ӯҳда дорад, дастгир шуда буд. Саидовро пас аз муддати кӯтоҳе ҷавоб доданд, вале баъдан маълум шуд, ин кор сохтаи худи ҳукумат будааст.
Лозим ба ёдоварӣ аст, Нусратулло Саидовро баъд аз як ҳафта аз мансуб гардидани бародарзодаи вай, Муҳаммадҷон Нурӣ, фарзанди устод Саидабдуллоҳи Нурӣ ба унвони муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), боздошт карданд.
* * *
Бастагон ва наздикони Нусратулло Саидов, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд, ба сурати ҷамъӣ оиди боздошти Нусратулло Саидов муроҷиатномаи видеоӣ ва катбӣ содир намуданд. Дар ин муроҷиатнома гуфта мешавад: “Рӯзи 24 уми январ бародари мо Нусратуллоро ба Раёсати Корҳои дохилии вилояти Хатлон даъват намуда ва боздошт мекунанд. То имрӯз мақомот далели ин боздоштро эълом накардаанд. Баъди боздошт, ҳатто иҷозати ба хонаводааш хабар доданро барояш надодаанд.”

Муроҷиаткунандагон афзудаанд: “Қабл аз ин ҳам борҳо наздикону бастагони мо махсусан Нусратулло, ба ниҳодҳои қудратӣ даъват мешуданд ва ҳатто ду нафар аз онҳо, ки ҳоло ҳамин ҷо ҳузур доранд, панҷ шабонарӯз дар зербинои раёсати корҳои дохилӣ мавриди шиканҷа ва озору азият қарор гирифта буданд, ки маҷбур ба ҳиҷрат ва тарки кишвар шуданд.”
Бастагони Нусратулло хитоб ба ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон гуфтаанд, ки “аз ҳама гуна таъқибу фишору озори мардум ва наздикону бастагони мо ва махсусан Нусратулло Саидов даст бардоред!”
Онҳо аз мақомот талаб кардаанд, ки “аз эҷоди ҳар навъ тарсу руъбу ваҳшат дар байни мардум даст бардоранд.”
Муроҷиаткунандагон ҳамчунин аз тамоми ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ ва созмонҳову ташкилотҳои байналмиллалӣ, шахсиятҳо ва афроди муассир дар умур дархост кардаанд, то ба ин қазия таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
* * *
25 январи соли ҷорӣ Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) низ бо судури баёнияе, боздошти Нусратулло Саидовро маҳкум ва онро “идомаи амали нангини ҳукумати Тоҷикистон оид ба фишор ва таъқиби хонаводаҳои мухолифин” донист.
#Ҳафтаи_Нусратулло_Саидов_Чоршанбе_Чоршанбиев_ва_Амриддин_Аловатшоев
#Fee_Nusratullo_Saidov
#Fee_Chorshanbe_Chorshanbiev
#Fee_Amriddin_Alovatshoev
#Free_Political_Prizoners
#Озодӣ_ба_Нусратулло_Саидов
#Озодӣ_ба_Чоршанбе_Чоршанбиев
#Озодӣ_ба_Амриддин_Аловатшоев
#Озодӣ_ба_зиндониёни_сиёсӣ