Сайидюнуси Истаравшанӣ
Ба баҳонаи Ҳафтаи дифоъ аз Бадахшон
Ҳафтаи ҷорӣ ба дифоъ аз Бадахшон ва мардуми бепаноҳаш, ки эҳтимол дорад, ба ин диёр лашкар кашида шавад, ихтисос дорад. Барои ошноӣ бо рухдодҳои Бадахшон ва дифоъ аз мардуми он, ба сойти “Зиндониён” руҷӯъ шавад.
Дар ёддошти ин ҳафта, дар бораи мақом ва ҷойгоҳ, ки инсон гоҳе дар ҷомеа доро мегардад сӯҳбат хоҳам кард. Ҷойгоҳ ба ду навъ аст: “эътиборӣ” ва “ҳақиқӣ”.
Иҷоза бидиҳед, аввал ду вожаи эътиборӣ ва ҳақиқиро бароятон тавзеҳ бидиҳам ва ин ки манзур аз ин ду истилоҳ чист.
Агар як чиз дар берун аз зеҳни шумо мисдоқ дошта ва мафҳуми зеҳнӣ ҳикояткунандаи он бошад, ҳақиқӣ аст, мисли офтоб, ки сарфи назар аз мафҳуми зеҳнии он, воқеан офтобе дар олами ҳастӣ вуҷуд дорад ва он чи шумо ифода мекунед, ҳикоятгари офтоби воқеӣ дар берун аз зеҳни шумост.
Ва аммо агар як чиз ҷойгоҳаш фақат дар зеҳн буда ва мисдоқе дар берун надошта бошад, эътиборӣ аст. Масалан, дар зеҳни ҳамаи мо ва шумо мафҳуме ба номи “риёсат” (раис будан) вуҷуд дорад ва ҳамагӣ бо таърифи он ва ин ки риёсат ба чӣ маъност, ошно ҳастем ва мегӯем, риёсат (ё раисӣ) як ҷойгоҳ ва мақом дар ҷомеа аст, ки кори соҳибаш раҳбарӣ аст ва дигарон бояд аз фармонҳои вай итоат кунанд ва маъмулан соҳиби он дорои эҳтиром аст ва мардум ӯро эҳтиром мекунанд.
Ин мақомро эътибор мекунанд яъне медиҳанд ва дар берун аз зеҳни инсон мисдоқе надорад. Яъне, мисли мафҳуми офтоб нест, ки қатъи назар аз зеҳн, дар берун мисдоқ дошта бошад, балки ҷомеа онро эътибор мекунад. (Албатта, ба зарурат ва ба он ниёз доранд.)
Дар баёни фарқи ин ду, маъмулан мегӯянд, умури ҳақиқӣ рабте ба эътибори эътиборкунанда надорад ва мафҳуми зеҳнии он ҳикоят аз як воқеият дар берун мекунад. Воқеияти офтобро касе эътибор ва эҷод накардааст, балки як воқеият аст. Аммо умури эътиборӣ воқеият надоранд ва ба эътибори эътиборкунанда вобаста ҳастанд, ки агар набуд, онҳо низ нестанд.
Ва ба баёни содатар, фарқи умури эътиборӣ ва умури ҳақиқӣ дар ин аст, ки аввалӣ бекор шуданӣ ва барканор шуданӣ аст, ба хилофи дуввумӣ, ки як воқеият аст. Офтобро касе қарор надодааст, балки як воқеият аст, аммо риёсатро ҷомеа қарор додааст. Як нафар то имрӯз дорои ин мақом буд, аммо имрӯз мардум ба ҷойи вай касе дигарро раис интихоб карданд ва фармонҳои ӯ дигар итоатшуданӣ нестанд. Ва дар воқеъ, ҷомеа аст, ки ин мақом ва ҷойгоҳро эътибор кардааст.
* * *
Он чи дар ин ёддошт мехоҳам барои хонанда арз кунам ин аст, ки мақом ва ҷойгоҳи “риёсат” гоҳе ҳақиқӣ аст ва гоҳе эътиборӣ. Агар фарде дар дили мардум ҷой дошта ва барояш эҳтиром қоил бошанд, ӯ дар воқеъ ва ҳақиқатан пешво ва раҳбар аст, чӣ ин ки дорои мақоми расмӣ буда бошад ва чӣ набошад.
Нурсултон Назарбоев то муддате пеш расман дорои мақоми “пешвоӣ” буд ва дар ҷомеа эҳтиром (агарчӣ ба иҷбор) ва суханонаш гӯши шунаво доштанд, вале ӯро аз ин мақом барканор карданд ва ӯ дигар дорои он ҷойгоҳе нест, ки пештар буд. Суханони ӯ аз ин ба баъд на гӯши шунавое дорад ва на касе аз мардум барояш эҳтиром қоил аст. Ин аст мақоми эътиборӣ.
Сафармуҳаммад Ниёзов то замоне, ки дорои мақоми “пешвоӣ”-и Туркманистон буд, наздик буд мардум дар баробараш саҷда ва китобаш (“Руҳнома”) ба ҷойи Қуръони Карим нишонда шавад ва барои ин одам муҷассамаҳои тиллоӣ дуруст карданд. Аммо ҳамин ки мурд, на танҳо фаромӯш ва китобаш ба зуболадон рехта шуд, балки имрӯз дар ҷомеааш ба унвони фарде манфур ёд мешавад.
Ислом Каримов то вақте, ки зинда буд, “ота” унвон мешуд ва баъзеҳо барояш ниҳояти эҳтиромро қоил буданд, аммо ҳамин ки мурд, ба фаромӯшӣ супурда шуда ва мардуми ӯзбак имрӯза аз ӯ ба бадӣ ёд мекунанд. Ин аст мақоми эътиборӣ.
Аммо инсонҳое ҳастанд, ки бар дили мардум раҳбарӣ мекунанд ва мардум бе ин ки ҳатто ба чашм дида бошанд, барои онҳо эҳтиром қоиланд ва суханҳояшонро ҳамчун фармон қабул ва итоаташ мекунанд. Паёмбарон ва авсиёи илоҳӣ, ки аксар ба иттифоқи онҳо дар замони ҳаёти худ дорои мақоми расмӣ набуданд, номашон ва гуфторашон ва рафторашон то ба имрӯз зинда ва боқӣ монда ва инсонҳои рӯи замин аз суханони яке аз онҳо фармон бармедоранд.
Имрӯза шуморе аз одамҳо пайрави ҳазрати Мӯсо (а), шуморе дигар пайрави ҳазрати Исо (а), шуморе ҳам пайрави ҳазрати Муҳаммад (с), шуморе пайрави Будо ҳастанд ва ҳоказо… Онҳо пешвоёни ҳақиқӣ ва раҳбарони воқеии мардум буданд ва ҳастанд ва мақомашон дар дили мардумон ҷой дорад.
Ҳоло паёмбарон ва авсиёи илоҳӣ ҷойи худашон, балки дар ин миён раҳбароне ҳастанд, ки паёмбар ва ё васийи ӯ нестанд, аммо ба хотири он, ки инсонҳои воқеан ворастае буданд, бар дили мардум ҳукумат мекунанд ва номашон боқист.
Моҳотмо Гондӣ, Нелсон Мондило, Че Гуворо ва амсоли онҳо — чӣ дорои мақоми расмӣ буда ва ҷомеа онҳоро ба унвони раҳбар эътибор карда бошад ва чӣ ин ки мақоми расмӣ ба онҳо дода нашуда — мардум онҳоро дӯст доранд ва аз суханонашон ба дилу ҷон итоат мекунанд, зеро дар қалби мардумон ҷой доранд. Ин аст мақоми ҳақиқӣ ва воқеӣ. Чунин ҷойгоҳе эътиборӣ нест.
* * *
Ҳокимони имрӯза аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, гӯли эътиборро хӯрдаанд. Эмомалӣ Раҳмон фарқе бо Назарбоев ё Каримов ва ё Ниёзов дар ин ки дорои унвони “пешво” аст, надорад. Ӯ гӯӣ ин ки фаромӯш кардааст, ки унвонаш сирф эътиборӣ аст.
Фаромӯш кардааст, ки вақте мурд ва ё касе дигар ба ҷойи ӯ нишаст, на танҳо ба фаромӯшӣ супурда мешавад, балки ба хотири хиёнатҳо ва ҷиноятҳое, ки дар тӯли ҳукмронии худ кардааст, ба бадӣ ёд хоҳад шуд ва наслҳои баъдӣ нафринаш хоҳанд кард. Муҷозоташ дар қиёмат ҷойи худ.
Шояд пурсида шавад, магар ӯ чӣ хиёнате ва ё чӣ ҷинояте муртакиб шудааст? Посухи ин пурсиш возеҳтар аз равшании хуршед аст.
Фурӯхтани порае аз хоки Тоҷикистон ба Чин магар хиёнат нест?! То қиёмат ин хиёнати ӯ фаромӯш нахоҳад шуд.
Хонаводагӣ кардани ҳукумат бар Тоҷикистон магар ҷиноят нест?! То қиёмат чунин ҷинояташ фаромӯш нахоҳад шуд.
Зиндонӣ кардани беҳтарин инсонҳо дар Тоҷикистон магар ҷиноят нест?! Имрӯза афроде мисли Муҳаммадалӣ Ҳаит, Саидумар Ҳусайнӣ, Зубайдуллои Розиқ, Раҳматуллои Раҷаб, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Бузургмеҳр Ёров ва садҳо дигар, ба дастури Раҳмон дар зиндонҳо қарор доранд.
Имрӯза ниме зиёд аз мардуми Тоҷикистон ба хотири ёфтани қути лоямут аз кишвар берун шуда ва дар кишварҳои дигар зиндагӣ ва кор мекунанд. Фақат барои ёфтани чизе барои хӯрдан ва таъмини мояҳтоҷи зиндагӣ. Дар худи Тоҷикистон на коре барои онҳо ёфт мешавад ва на ноне барои хӯрдан ва хӯрондан.
Ҳафтаи пеш, дар ҷаласаи ПМТ, дӯстон бо омор гузориш доданд, ки шаҳрҳо ва деҳот дар Тоҷикистон аз мардум холӣ шуда ва ба ҷуз се чаҳор калоншаҳр соири маконҳо аз одам холӣ ва танҳо чанд пирамард ва чанд пиразан дар онҳо боқӣ мондаанд.
Хуб, чӣ касе масъули ин воқеияти талх аст? Оё ҷуз Раҳмон? Медонед, вақте кишвар аз сакана холӣ шуд, чӣ мусибате гиребонгири хоки мо мешавад? Оё аҳаде дар ин бора фикр мекунад?
* * *
Илова бар инҳо, имрӯзҳо замзамаи он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон лашкар мекашад. Тибқи он чи дар баъзе расонаҳо хондам, қарор аст аз таърихи 15 феврал яъне фардо то 23 феврал, кори ин минтақаро яксара кунанд. Ва ин, баъид нест, ҳарчанд дуо мекунам, мақомот ба ақл оянд ва чунин ҷинояте муртакиб нашаванд.
Баъд, барои он ки нишон бидиҳанд, ҳама чиз “хуб” аст ва ҷомеа нигарон нашавад, баъид нест, ки Эмомалӣ Раҳмон пас аз ин ҷиноят, сафаре ба ин минтақа намояд ва ба чанд чоплусу косалес дастур диҳанд, то мардуми Бадахшон аз ӯ ба “нону намак” истиқбол кунанд ва “шукронаи” истиқлол ва суботу оромӣ намоянд. Ин, баъид нест.
Ба унвони як шаҳрванди оддӣ, ба мақомот ҳушдор медиҳам, иқдом ба лашкаркашӣ ба ин минтақа ва мардуми қонунмадори он нанамоянд. Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳадс мезанам, муддати кӯтоҳи дигар бар арш боқӣ нахоҳад монд, ба ақл ояд ва даст ба ин ҷиноят назанад.
Дар поёни ин ёддошт, дӯст дорам, порае аз ҷумалоти бародари азизам, рӯзноманигори вораста, Зафари Сӯфӣ хитоб ба Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқировро биёварам ва ароизамро ба онҳо хотима бибахшам:
“Агар қисмат набуду ноҷавонмардона ва мисли кафтор алайҳат ҳуҷум кунанд ва Худой нахоста балое ба сарат оранд, қавли бародарӣ медиҳам, ки то рамақ аз ҷон дорам ва то нафасҳои пасин талош хоҳам кард, то номи покат барқарор бимонад ва ғурурат, сарбаландият, мардумдорият ва соири вижагиҳоят, ки боиси роҳбари мардумӣ шуданат ва дар дилу ҷони мардум ҷойгоҳ ёфтанат шуд, ба шаклҳои мухталиф ба гӯши фардоиён бирасонам.”
Саломат бошед!
Бознашр аз сомонаи “Паём”
#Ҳафтаи_дифоъ_аз_Бадахшон
#Бадахшон_Тоҷикистон_аст_ва_Тоҷикистон_Бадахшон!
#Badakhshan_is_Tajikistan_and_Tajikistan_is_Badakhshan!
#Бадахшан_это_Таджикистан_а_Таджикистан_это_Бадахшан!
#Бас_аст_зулм_ва_террор_алайҳи_мардуми_Бадахшон!
#Enough_oppression_and_terror_against_the_people_of_Badakhshan!
#Хватит_угнетения_и_террора_против_народа_Бадахшана!
Добавить комментарий