Шуморе аз тоҷикони сокини Олмон бо барпоии тазоҳуроте дар ин кишвар, аз мақомоти Тоҷикистон тақозо намуданд, ки додгоҳи Чоршанбе Чоршанбиев бояд ба сурати боз ва бо ширкати бастагон, рӯзноманигорон ва ҳамаи хоҳишмандон баргузор шавад.
Онҳо изҳор доштанд, ки дар ин ҷиҳат номае ба дафтари Кумисиюни Аврупо доданд.
Сухангӯи тазоҳуркунандагон дар суханоне бо ишора ба ин ки баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаи Бадахшон бе ягон асос дар Русия боздошт шуда ва ба Тоҷикистон истирдод мешаванд, гуфт, ки ахиран афроде ба мисли Чоршанбе Чоршанбиев ва Амриддин Аловатшоев дар Русия ба тариқи ғайриқонунӣ дастгир шуда ва ба дасти нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ маҷбуран ба Тоҷикистон оварда шуданд.
Вай, дар идома бо баёни ин ки ҳамаи бадахшониён комилан ба қонун пойбанд буда ва ба он эҳтиром қоил ҳастанд, гуфт, ки дар Тоҷикистон бо ин боздоштшудаҳо рафтори ғайриинсонӣ мешавад ва мавриди озору шиканҷа қарор мегиранд, дар ҳоле ки онҳо ҳеч ҷинояте, ки сазовори ба зиндон афкандани онҳо бошад, муртакиб нашудаанд.
Сухангӯи тазоҳуркунандагони тоҷик дар Олмон дар идома афзуд, ки онҳо аз мақомоти Тоҷикистон тақозо мекунанд, додгоҳи Чоршанбе Чоршанбиев бояд боз баргузор шавад ва ширкат дар он озод бошад, “то мо битавонем, бифаҳмем, ки онҳо чӣ ҷинояте муртакиб шудаанд ва ҳамаи тоҷикистониён бидонанд, ки ба кадом ҷурм онҳо додгоҳӣ мешаванд.”
Гуфтанист, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва бастагони Чоршанбе Чоршанбиев — блогер ва варзишкори ҳунарҳои размӣ (ММА), ки дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст, хостори баргузории додгоҳи вай ба сурати мустақим ва бо иштироки пайвандон ва аз тариқи телевизион шуданд, то ҳамаи шаҳрвандон битавонанд, аз ҷараёни додгоҳи ӯ бохабар бошанд.
Ва ин дар ҳоле аст, ки ба гузориши Радиои Озодӣ, муҳокимаи Чоршанбе Чоршанбиев дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия рӯзи 28-уми феврал оғоз хоҳад шуд. Вакилони дифои Чоршанбе Чоршанбиев аз додгоҳ хостанд, додгоҳи ӯ на дар ин бино, балки худи додгоҳ баргузор шавад
Тибқи ин гузориш, ба гуфтаи вакилони дифоъ, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор кардааст, ки мурофиа ба таври кушода бошад ҳам, дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия ҷараён ёбад.
Намояндагони додгоҳ сабаби ин тасмимро шарҳ надоданд. Вале Эътилофи зидди шиканҷа рӯзи 23-юми феврал дар эъломияе аз қавли мақомот навишт, эҳтимоли ҷамъ шудани мардуми зиёд дар назди додгоҳ вуҷуд дорад ва ин ҳолат метавонад, ба муҳокимаи дурусту саривақтии парванда халал расонад.
Вакилон аз Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки аз ҳуқуқи Чоршанбиев ҳимоя мекунанд, дар эъломия гуфтаанд, баррасии парванда дар фазои боз, яке аз кафолатҳои асосии дастрасӣ ба ҳуқуқ ба адолати додгоҳӣ аст ва муҳокимаи парванда дар бинои Боздоштгоҳ дастрасии расонаҳо ва ҷомеаро маҳдуд мекунад.
Ба навиштаи Радиои Озодӣ, тасмими Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба гузарондани мурофиаи Чоршанбиев дар боздоштгоҳ имкони ширкати хабарнигоронро дар он мушкил мекунад. Чун ба гуфтаи масъулони эътилоф, бинои Боздоштгоҳ муҳофизатшаванда аст ва барои ворид шудан ба он ва ширкат дар мурофиа иҷозати пешакӣ зарур мешавад.
“Адолати судӣ ба Чоршанбе Чоршанбиев!”
Ҳамин соатҳо (шурӯъ соати 13:00 ба вақти Олмон ва 17:00 ба вақти Душанбе) барномае таҳти унвони “Адолати судӣ ба Чоршанбе Чоршанбиев!” тавассути Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик, дар Streamyard баргузор аст, ки хоҳишмандон метавонанд дар он ширкат кунанд ва суолҳои худро ба ин ҳуқуқшинос матраҳ ва посухашро дарёфт намоянд.
Алим Шерзамонов: “Бадахшон имрӯз пеш аз ҳар вақт дар хатар аст”
Алим Шерзамонов, муовини раиси Паёмони Миллии Тоҷикистон ва аз фаъолони тоҷики бадахшонӣ, бар ин бовар аст, ки ба сабаби таҳоҷуми нерӯҳои Русия ба Украина, имрӯзҳо таваҷҷӯҳи олам ба ин минтақа шудааст ва баъид нест, ки бо истифода аз ин фурсат, режим ба Бадахшон ҳамла оварда ва ба мақсадҳои нопоки хеш ноил ояд.
Вай бо ишора ба матлаб, навиштааст: “Таваҷҷӯҳи тамоми олам ба Укройин аст. Аз ин рӯ Бадахшон пеш аз ҳар вақта дар хатар аст.”
Чоршанбе Чоршанбиев дар Русия зиндагӣ мекард ва шаби 29 ба 30-уми декабри соли 2021 бо қарори додгоҳ ва ба иттиҳоми “нақзи қоидаи роҳ” аз ин кишвар берун карда шуд. Пайвандони Чоршанбиев ва низ фаъолони иҷтимоӣ гуфтанд, ки сабаби истирдоди Чоршанбиев ба Тоҷикистон тавассути мақомоти интизомии тоҷик, ибрози озоди ақида ва рӯшан сохтани мавқеи шаҳрвандии ӯст.
Добавить комментарий