КШГНЗС: “Ҳуқуқи занону модарон дар Тоҷикистон ба шакли асафборе поймол мешавад”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо судури баёнияе ба муносибати 8 март, Рӯзи байналмилалии бонувон, хотирнишон кардааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди ин ки 8 мартро ҳамчун Рӯзи Модар унвон кардааст, вале ҳуқуқи занону модарон дар Тоҷикистон нодида гирифта шуда ва ба шакли асафборе поймол мешавад.

Машрӯҳи баёнияи КШНГЗС ба шарҳи зерин аст:

“Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) 8 март, Рӯзи байналмилалии занону модаронро ба ҳамаи бонувон ва хоҳарону модарони азизи кишварамон ва ҷаҳон табрику муборак бод мегӯяд ва барояшон сиҳҳату саломатӣ ва будан дар канори фарзандон ва конуни гарми хонаводаҳояшон дар як фазои амну ором ва дур аз ҳама ғаму ғуссаҳоро орзу мекунад!

Чуноне, ки огоҳед, Рӯзи байналмилалии бонувон (Intrnational Women’s Day) танҳо як ид барои занону модарон набуда, балки рӯзест, ки дар он занон аз худ дифоъ намуда, ҳаққу ҳуқуқҳояшонро талаб намудаанд ва барои расидан ба ҳуқуқҳои баробар бо мардон талошҳои зиёде ба харҷ додаанд.

Лозим ба зикр аст, бо вуҷуди он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯзро ҳамчун Рӯзи Модар (тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 3 ноябри соли 1995, № 98) ва “Рӯзи байналхалқии занон”-ро ба Рӯзи Модар иваз намуда ва ин рӯз рӯзи истироҳат муқаррар шудааст, лекин ҳанӯз ҳуқуқи занону модарон дар Тоҷикистон нодида гирифта шуда ва ба шакли асафборе поймол мешавад.

Зимнан, бояд зикр намуд, дар сохтори ҳукумати Тоҷикистон ниҳоде бо номи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта ва вазифааш расидагӣ ба умури занону модарон ва мушкилоташон дар ҷомеа ва ҳимояти ҳаққу ҳуқуқи онҳо мебошад.

Инак, беш аз як моҳ мешавад, ки Шоҳида Маҳмадҷонова бидуни ҳеч гуноҳе ба хотири фаъолиятҳои писараш боздошт ва зиндонӣ карда шудааст. Шоҳида Маҳмадҷонова модари Шерзод Абдураҳмонов, блогер ва маъруф ба Абдурраҳмон 09 мебошад. Ӯро рӯзи 03.02.2022 ба Шӯъбаи Корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат даъват карда, боздошташ менамоянд. Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба хотири фаъолиятҳои писараш, Шерзод борҳо ба ниҳодҳои қудратӣ даъват намуда, таҳти фишор қарор додаанд ва ҳатто аз кор рондаанд.

Ин тарзи бархӯрди мақомоти қудратии ҳукумати Тоҷикистон бо наздикони мухолифон, ниҳояти ҳамоқат ва дур аз ҳамаи арзишҳои ахлоқиву инсонӣ ва заъфи онҳоро нишон дода, ошкоро зери по намудани меъёрҳои конститутсионӣ ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандиро ба намоиш мегузорад.

КШНГЗСТ муносибати мақомоти корҳои дохилӣ бо Шоҳида Маҳмадҷонова — бо як Зан-Модарро дағалона вайрон ва поймол намудани ҳуқуқи шарвандии занону модарон дониста, онро як амали одамрабоӣ қаламдод ва шадидан маҳкумаш мекунад ва озодии ҳарчи зудтар ва бидуни қайду шарти Шоҳида Маҳмадҷоноваро талаб менамояд.

Инчунин, КШНГЗСТ аз тамоми созмонҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқи инсон дар дохил ва берун аз Тоҷикистон, махсусан аз Кумитаи Кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қотеъона талаб менамояд, ки дар робита ба озодии ин зан ва модари тоҷик, Шоҳида Маҳмадҷонова тамоми чораҳо ва имкониятҳоро истифода бурда, ӯро аз зиндон озод созанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

08.03.2022

Оставьте комментарий

Создайте бесплатный сайт или блог на WordPress.com.

Вверх ↑