Рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ бо ишора ин ки адвокатҳои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар як сӯҳбати тӯлонӣ тавонистаанд, Амриддинро мутмаин созанд, ки ҳимояти онҳо зарур аст, хотиррасон кардааст: “Амриддин Аловатшоев дар ҳолати навмедӣ ва афсурдаҳолӣ гуфта буд, ки ба ҳимояти касе мӯҳтоҷ нест ва ба адолат бовариаш намондааст.”
Ин рӯзноманигор дар ёддоште навиштааст: “Амриддин Аловатшоевро розӣ карданд, ки аз кӯмаки адвокатҳо рӯ нагардонад. Ӯро Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ҳимоят мекунад, ки соли 2011 барои мубориза алайҳи аъмоли ғайриқонунӣ ва шиканҷа таъсис ёфтааст.”
Рустами Ҷонӣ дар ёддошти дигаре бо баёни ин ки агар Амриддин дар митинги Русия фаъол буда, ё чизе гуфта, бар тибқи қонун будааст, навиштааст: “Ҳоло ӯро барои ҳамин ҷазо медиҳанд.”
Вай афзудааст: “Ҳукумат бо ҷазо додани ӯ мехоҳад паём расонад, ҳар кас, ки ба қароре, амре ё аъмоле аз онҳо изҳори шубҳа кунад, тақдири Амриддин ба сараш ояд.”
Добавить комментарий