Паёми наврӯзии модари шаҳид ба мақомоти тоҷик

Певистамо Абдулмӯминова, модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков, ба муносибати Наврӯз, паёме катбӣ ба ҳукумати нави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта. Ӯ дар ин паёми кӯтоҳи худ, бо табрики Иди Наврӯз ба ҳукумати нав, дуо кардааст, “ҳамаи онҳое, ки дар қатли писарам чун ҷосус иштирок доштанд, мисли ман сиёҳпӯш, ҷигарпора, заиф ва мотам насибашон шавад!”

Матни паёми ҷигарсӯзи ин модари шаҳид ба шарҳи зерин аст:

Иди Наврӯз муборак, ҳукумати нав! Ҳамаи онҳое, ки дар қатли писарам чун ҷосус иштирок доштанд, мисли ман сиёҳпӯш, ҷигарпора, заиф ва мотам насибашон шавад. Аз парвардигор умед дорам, ки дари ғам ба рӯяшон кушода шавад, 7 тири ҷигарам насиби фарзандҳояшон гардад! Рӯзи сиёҳи ман дар хонаҳошон макон гирад, ашки ғам аз чашмошон пок нашавад! Худо ҷони фарзандонашонро бигираду мисли ман бисӯзанду биноланд!

Ин суханони табрикотии худро ҳар шому саҳар такрор мекунам.

Ин суханони модаре, ки дар ҳаққи фарзанди шаҳид сӯхта хокистар шуда истодааст.

Певиста (имзо)

Гуфтанист, Гулбиддин Зиёбеков, ҷавони 29-сола, дар 25-уми ноябри соли гузашта (2021) дар деҳаи Тавдеми Роштқалъаи вилояти Бадахшон ба дасти нерӯҳои амниятӣ ва интизомии режими Эмомалӣ Раҳмон кушта шуд ва марги ӯ боиси эътирози мардум дар Хоруғ гардид.

Модари вай, Певистамо Абдулмуминова, рӯзи 1-уми декабри 2021 хоҳони сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус шуд. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Бадахшон арзашро нашунидаанд ва мехоҳад, додашро ба президент расонад.

Ин модари доғдида афзуд: “Қасам ба номи Худо, қасам ба арвоҳи писари навгузаштаам, ки ӯ силоҳ надошт. Вай хидмат ҳам накарда буд, таппончаро намедонист. Бачаи ман ҳатто сигарет накашида буд. Вай ба ягон кас ягон зарар нарасонида буд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: