Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ҳукми додгоҳ нисбати Амриддин Аловатшоевро, ки имрӯз санаи 29 апрели соли 2022 эълон шуд золимона, ноодилона ва ғайриқобили қабул меҳисобад.
Бино ба гузориши расонаҳо, баррасии парванда санаи 29 апрел соати 14 оғоз шуда, дар чанд соат ҳукм бароварда шудааст. Аз рӯи хабарҳо маълум шуд, ки ба толори додгоҳ пайвандони Амриддин Аловатшоевро роҳ надоданд ва иштироки вакилони дифоъ низ таъмин нашудааст.
Ин ҳукми додгоҳ нишони он аст, ки дар Тоҷикистон барои ҳукумати он дигар ҳаёти шаҳрванд, ҳуқуқи ӯ, Қонуни асосӣ ва дар умум ҷорӣ будани меъёрҳои ҳуқуқӣ ва арзишҳои инсонӣ ҳеч маъно ва аҳаммияте надоранд.
Мо, аъзои Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон то имрӯз борҳо ба созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон муроҷиат кардем, то аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кунанд, ки ин кишвар ба қонунҳои байналмилалӣ, ки эътироф кардааст пойбанд бимонад.
Ҳоло дар баробари муроҷиат ба созмонҳои байналмилалӣ, мо ба мардуми Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи ҳокимият муроҷиат карда даъват мекунем, то кӯшиш кунанд, волоияти қонун дар кишвар боз барқарор шавад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШГНЗС)
29/04/2022
Варшава, Поланд
Добавить комментарий