Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) фарорасии Иди саъиди Фитр — иди раҳмату мағфирату озодӣ, иди сафову самимият, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдигарбахшӣ, иди бародарӣ ва дар пешгоҳи Худо баробариро бар тамоми азизони рӯзадор аз ҷумла мардуми кишварамон табрику муборакбод мегӯяд.
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,
Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт!
Иди Фитр яке аз ду иди бузурги Ислом аст ва мусалмонон пас аз як моҳи худдорӣ аз хӯрдану ошомидан ва баъзе корҳои мубоҳ, акнун ҷашн мегиранд, ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло аҷру подоши азиме барояшон дар назар гирифтааст. Ҳамчуноне, ки дар ҳадиси қудсӣ омадааст, Аллоҳ мефармояд: “Ҳар амале, ки инсон анҷом медиҳад, барои худи ӯст, магар рӯза, ки барои ман аст ва ман подоши онро медиҳам!”
Ва рӯзадор ду хушҳолӣ дорад: яке вақте, ки ифтор мекунад ва дигар он лаҳзае, ки Парвардигорашро мулоқот мекунад.
Умед аст, ки тоъоту ибодот ва рӯзаи ҳама мардуми мусалмон мавриди иноят ва қабули Ҳақ Таъоло қарор гирфта бошанд ва ҳамаи мову шуморо машмули раҳмату мағфираташ қарор дода ва он аҷру подош, ки мулоқоти Парвардигорамон Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъолост насибу рӯзиямон бигардонад!
Худованд тамоми зиндониёнро бо баракоти ин моҳи бузург ва ин моҳи озодӣ аз ҳама гуна қайду қуюдҳо аз зиндонҳо бираҳонад ва мардум ва кишвари азизи моро аз ҳар гуна офатҳо ва он режими мустабид озод намояд!
Бори дигар ин иди шарифро бар так-таки рӯзадорон алалхусус зиндониёни сиёсии азизамон ва низ мардуми азизи кишварамон табрик менамоем.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
01.05.2022
Добавить комментарий