Полковник Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ба шаҳодат расид

Дақоиқе пеш, расонаҳо аз шаҳодати сарҳанг (полковник) Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров хабар доданд.

Сомонаи Паём ба нақл аз Pamir Daily News аз шаҳодати Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров хабар дод. Хабаргузории давлатии “Ховар” низ навишт, имрӯз соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Хоруғи Боло Мамадбокиров Мамадбокир Карамалишоевич кушта шуд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” дар маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хобар доданд.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров кӣ буд?

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров зодаи 10 октябри соли 1963 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон мебошад. Ӯ аз соли 1971 то 1981 дар мактаби миёнаи рақами 8-и шаҳри Хоруғ ба номи Сайфулло Абдуллоев таҳсил кардааст.

Пас аз гирифтани маълумоти миёна, Маҳмадбоқир дар соли 1981 вориди Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе шуд. Ва ҳамчунин ба сурати ғоибона дар Донишгоҳи Хоруғ, факултети таърих низ таҳсил намуд. Ӯ дар солҳои 2001 то 2007 дар ин донишгоҳ таҳсил ва аз он фориғуттаҳсил шуда ва дорои маълумоти олӣ гардидааст.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон байни ҳукумат ва опозитсия, Маҳмадбоқир ба унвони сардори фармондеҳии марзбонӣ (погранкомендатура) дар Тӯхтамиши ноҳияи Мурғоб дар марз бо Чин таъйин гашт. Ӯ дар нерӯҳои марзбонӣ (погранвойска), дорои унвони сарҳанг (полковник) буд.

Мутаассифона дар соли 2006 фармондеҳӣ (погранкомендатура)-и сарҳанг Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро пас аз муборизаи вай бо қочоқчиёни маводди мухаддир ва боздошти қочоқ дар ҳаҷми калон, барҳам заданд. Сипас, ба қасди боздошти ӯ, ҳуҷум ба маҳалли зисти ӯ яъне шаҳраки Бархороги Хоруғ, аз ҷониби нерӯҳои интизомии Тоҷикистон сурат гирифт.

Ӯ яке аз афроди бонуфуз дар Бадахшон ва аз раҳбарон (лидерон)-и ин минтақа маҳсуб мешавад.

Дар 2 феврали соли ҷорӣ (2022) гузориш шуд, ки Додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон кардааст, нисбати Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда кушодаанд.

Бар асоси ин гузориш, ин парванда дар пайи шикояти сардори Идораи маорифи ВМКБ, Лутфулло Наврӯзов боз шудааст. Наврӯзов дар наворе, ки маълум нест, дар чӣ шароит сабт шудааст, шикоят карда, ки гӯё аз тарафи Маҳмабоқиров латукӯб ва шиканҷа шудааст.

Ва ин дар ҳолест, ки Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, иддаои сардори Идораи морифро рад кард ва гуфт, бо ӯ танҳо як “сӯҳбати падарона” анҷом додааст. Вай гуфт: “Ман ӯро назадам. Бо вай як сӯҳбати падарона кардам. Маҳалгароӣ ҳам набуд. Муаллим бояд дурӯғ нагӯяд. Вай дар навор дурӯғ мегӯяд, маро бадном кард. Гуё ман террорист ҳастам. Не. Ман омӯзгоронро эҳтиром мекунам.”

Дар як гузориши 9-дақиқаӣ дар бораи ин ҳодиса, ки рӯзи 2-юми феврал тавассути телевизиони Бадахшон намоиш дода шуд, Парвиз Орифзода, додситони вилоят, гуфт, нисбати Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо гумони “истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият”, “таҳқири намояндаи ҳокимият”, “вайрон кардани дахлнопазирии мардум”, “барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ” парвандаи ҷинояӣ оғоз гардид. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ин иддаоро “пурра тӯҳмат ва дурӯғ” номид.

Алим Шерзамонов, аз раҳбарони Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва узви Шӯрои Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки ин амали мақомот ба хотири беобрӯ кардани Маҳмадбоқиров дар назди мардум ва сипас боздошти ӯст. Шерзамонов гуфт: “Аз хеле вақт пеш, мехоҳанд, Маҳмадбоқирро дастгир кунанд, вале наметавонистанд. Маҳмадбоқир пеши мардум обрӯ дорад. Бинобар ин, сардори Идораи маорифи ВМКБ иддао кард, ки гӯё мавриди латукӯби Маҳмадбоқир қарор гирифтааст. Мақомот бо ин иддао, мехостанд, Маҳмадбоқир назди мардум беобрӯ гардад ва сипас ӯро боздошт намоянд. Вале тирашон хато хӯрд.”

Вай афзуд: “Ҳоло ба назари ман, ӯро наметавонанд боздошт намоянд. Боздошти Маҳмадбоқир кори осоне нест. Фикр мекунам, муҳосираи Бадахшонро тӯл медиҳанд ва муддате ба ҳар роҳу василае ба сиёҳ кардани Маҳмадбоқир дар назди мардум мепардозанд, то ба тадриҷ ӯ назди мардум беобрӯ гардад ва сипас дар фурсати муносиб ӯро боздошт ва зиндонӣ намоянд.”

Ба гузориши сомонаи Паём дар 4 феврали соли ҷорӣ (2022), Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров то соати 5-и субҳ вақт додааст, то худро таслими мақомот кунад. Дар сурати таслим нашудани Маҳмадбоқир, КДАМ таҳдид ба амалиёти низомӣ кардааст.

Тибқи иттилои манбаи мӯътамади Паём, ҳоло садҳо ҷавон дар маҳаллаи зисти Маҳмадбоқир ҷамъ омадаанд ва мегӯянд, ба ҳеч ваҷҳ ӯро таслими мақомот нахоҳанд кард. Ҳамчунин ҷавонони зиёде аз деҳаҳои атрофи Хоруғ худро барои ҳимояти Маҳмадбоқир ба Хоруғ расонидаанд ё дар ҳоли расидан ҳастанд. Манбаъ мегӯяд, худи Маҳмадбоқир низ зинда таслим шуданӣ нест. 

Бар асоси сомонаи Pamir Daily News дар санаи 3 феврали соли ҷорӣ (2022) бо истинод ба манбаъаш аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон, рӯзи 3 феврал “гурӯҳи махсуси қотилон” аз “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз Душанбе ба Хоруғ фиристода шудаааст. Манбаъ тасреҳ кардааст, ки тахассуси аслии ин гурӯҳ гузаронидани амалиёти вижа барои нобудсозии ҷисмонии афроди муайян мебошад.

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com.

Вверх ↑