Генерал Холбаш Холбашев гуфт, бегуноҳ аст, вале ба ӯ ҳукми абад доданд

Рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ дар ёддоште кӯтоҳ бо таъкид бар ин ки ба генерал Холбаш Холбашев дирӯз ҳукми абад доданд, навишт: “Мақомот генерал Холбаш Холбашевро бо 11 банди қонун гунаҳкор ва роҳбари тазоҳуроти Хоруғу Рӯшон меҳисобид. Генерал Холбаш Холбашев гуфт, бегуноҳ аст ва тамоми айбҳои додситонӣ тӯҳматанд.”

Вай дар ин ёддошт навиштааст: “Дирӯз генерали нерӯҳои марзбониро ба зиндони низомаш сахт гузаронданд.”

Рустами Ҷонӣ афзудааст: “Мақомот генерал Холбаш Холбашевро бо 11 банди қонун гунаҳкор ва роҳбари тазоҳуроти Хоруғу Рӯшон меҳисобид. Генерал Холбаш Холбашев гуфт, бегуноҳ аст ва тамоми айбҳои додситонӣ тӯҳматанд.”

Гуфтанист, генерал Холбашев Холбаш Мамадназарович 23 апрели соли 1965 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ дорои маълумоти олӣ мебошад. Холбашев то соли 1992 дар мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ кор карда. Аз тобистони соли 1994 дар Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ машғул ба кор шудааст. Муддате Сардори комендатураи “Рӯшон” буд. Аз декабри соли 2001 муовини фармондеҳи Гурӯҳи сарҳадии оперативӣ ва ҳамзамон Сардори ситод буд. Холбашев то замони боздошташ, дар вилояти Суғд машғули вазифа ва аз марзҳои Тоҷикистон муҳофизат мекард.

Генерал-майор Холбаш Холбашев дар таърихи 18 майи соли 2021 ҳангоми бозгашт аз Ворух дар Исфара дастгир шуд. Ҳамсари собиқи ӯ. Бино бар гузориш дар 19.05.2022, “Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 19 майи соли 2022 дар як изҳороти вижа гуфт, нооромиҳои ахиррро дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алим Шерзамонов, Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева роҳбарӣ ва сарпарастӣ мекарданд.”

Бар пояи гузориши 25.05.2022, шоми 24 май дар Интернет филми мустанаде бо номи “Шикасти фитна” нашр шуд, ки зоҳиран аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳия шудааст. Дар ин филм, ки қариб 17 дақиқа давом мекунад, баёноти Улфатхоним Мамадшоева ва генерал Холбаш Холбашев, ду нафаре, ки бо иттиҳоми ташкилу раҳбарӣ ва сарпарастии эътирозҳои ахири Бадахшон дастгир шудааст, низ нашр шудааст.

Гӯянда, ки гузоришҳову филмҳои мустанади қаблии КДАМ-ро ҳам гӯяндагӣ мекард, дар “Шикасти фитна” мегӯяд, тасмими ташкили эътирозҳо дар Рӯшону Хоруғ рӯзи 26 март дар хонаи Зарифбеков ном сокини маҳаллаи Бархоруғ гирифта шуд. Вале Улфатхоним Мамадшоева мегӯяд, ки ин ҷаласа дар як меҳмонхонаи хусусӣ баргузор шуда буд.

Муаллифони филм мегӯянд, дар нишаст Мамадбоқир Мамадбоқиров (шаҳид Боқир), Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева ҳузурӣ ва Алим Шерзамонов аз Аврупо тариқи мессенҷер иштирок кардаанд. Ба иддаои мақомоти амниятӣ, дар ин ҷаласа ҳамчунин қарор шудааст, ки Алим Шерзамонов маблағгузории эътирозҳоро ба дӯш мегирад, Холбашев масъулияти ташкили эътироз дар Рӯшон, Боқир масъулияти ташкили эътироз дар Хоруғро. Ба Мамадшоева масъулияти пӯшиши иттилоотии ин эътирозҳоро вогузор мекунанд.

Гӯянда дар филми “Шикасти фитна” ҳамчунин иддао мекунад, ки гӯё Алим Шерзамонов аз Аврупо барои ташкили эътирозҳо дар Рӯшон 6 ҳазор доллар ва барои ташкили эътирозҳо дар Хоруғ 7 ҳазор доллар фиристодааст.

Вале бар асоси ин гузориш, Алим Шерзамонов дар саҳифааш дар Фейсбук ин иддаоро рад карда, бо киноя навишт: “Дар Тоҷикистон будам, сер намехӯрдам, вале маблағҳои калон мегирифтам, инак Урупо омадам, монолит мезанам ва ба Тоҷикистон пул равон мекунам, ки инқилоб кунанд. Ҳотами Той будаам.

Гуфтанист, дар таърихи 20 феврали соли 2013, Эмомалӣ Раҳмон аз шуморе аз мақомот ва шахсиятҳои сиёсӣ ва низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири хидматҳое, ки барои кишвар намудаанд, қадрдонӣ кард. Аз ҷумла, аз Холбаш Холбашев. Бино бар гузорише дар ҳамин таърих дар сайти Prezident.tj, дар ин рӯз Сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Холбаш Холбашев, ба дасти Эмомалӣ Раҳмон бо рутбаи генерал-майор сарфароз гардонда шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: