Стив Свердлов, ҳуқуқшиноси барҷаста ва фаъоли ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва профессори ҳуқуқ дар шӯъбаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубии Амрико, бо тарҳи ин пурсиш, ки “Абдулло Шамсиддин куҷост?”, истирдоди ин фаъоли мухолиф тавассусти ҳукумати Олмон ба Тоҷикистонро шадидан маҳкум кард ва гуфт, ки маҳалли нигаҳдории Абдулло Шамсиддин ҳанӯз аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон эълом нашудааст.
Вай дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Твиттер изҳор дошт:
“Алорағми саркӯби чандинсолаи ҳар гуна тазоҳурот дар Тоҷикистон аз ҷумла мавориди зиёди шиканҷаи мухолифон дар ин кишвар, аммо кишвари Олмон Абдуллоҳ Шамсуддин, писари яке аз фаъолони опозитсияро дар 18 январи соли ҷорӣ ба Душанбе истирдод кард. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз нагуфтаанд Абдулло Шамсиддин дар куҷо қарор дорад.”
Добавить комментарий