Паёми табрикии КШНГС ба баҳонаи Рӯзи байналмилалии Бонувон

Зан, модар зеботарин офарида дар миёни офаридаҳои Худованд. Зан, модар нишонае аз муҳаббат, ишқ ва зиндагӣ. Зан, модар беҳтарин шарики зиндагӣ дар олами ҳастӣ.

Бо ин вуҷуд, ин умедбахш ба ояндаи неки зиндагӣ дар тули масири зиндагии худ, муносиб ба мақому ҷойгоҳи баланди худ қадр карда нашудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8 уми март (Intrnational Women’s Day)-ро, бар асоси Ҷонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун рӯзи Модар, Ид ва рӯзи истироҳатӣ муқаррар кардааст. Дар сохтори ҳукумати Тоҷикистон ниҳоде бо номи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ки вазифааш “расидагӣ ба умури занону модарон ва мушкилоташон дар ҷомеа ва ҳимояти ҳуқуқи онҳо” мебошад, лекин, то ба имрӯз ҳаққи зан, модар дар Тоҷикистон нодида гирифта шуда, ҳуқуқи онҳо ба шакли асафбор поймол мешавад.

Ин фариштаи заминӣ ид дорад, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ин ид, рӯзи байналмилалии занону модаронро ба ҳамаи бонувон ва хоҳарону модарони азизи кишвар ва ҷаҳон махсусан ба бонувони бе ҷурму гуноҳ паси панҷараи зиндон қарор гирифта ва барои модароне, ки ҷигарбандонашон бегуноҳ ба қатл расонида шуданд, табрику муборакбод мегӯяд ва барояшон сиҳҳату саломат будан дар канори наздикон, дар конуни гарми хонаводагӣ ва дар як фазои амну ором ва дур аз ҳама ғаму ғуссаҳоро орзу мекунад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ин рӯзро барои занону модарон танҳо як ид не, балкӣ рӯзи дифоъ аз ҳуқуқи худ ва саъю талош барои расидан ба ҳуқуқҳои комили худи модарон ва бонувон медонад.

Иди шумо модарон ва бонувони азиз муборак бошад!

Бо як дунё аз таманиёти нек,

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

08.03.2023

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: