Паёми Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ) ба муносибати зодрӯзи Холбаш Холбашов

Холбашов 23-уми апрели соли 1965 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба дунё омадааст.

Холбаш Холбашов то замони боздошт дар нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хизмат мекард. Пас аз ҳаводиси моҳи май дар ВМКБ мақомот ӯро бо ҷурми «яке аз раҳбарони як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ» дар ноҳияи Рӯшон боздошт карданд.

Ӯ шавҳари собиқи фаъоли шаҳрвандӣ Улфатхоним Мамадшоева аст, ки низ бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯбҳои Хоруғ ва Рӯшон боздошт ва зиндонӣ гашт.

Баъди ҳаводиси хунини Хоруғ ва Рӯшон, ки теъдоди зиёди мардуми бегуноҳ ба қатл расонида шуд, барои ҳукумат лозим омад то барои ин мардуми осоиштае, ки кушта шуданд “роҳбарон”-у “ҳидоятгарон” бисозанд. Генерал Холбашов барои ин “нақш” хеле қулай буд аз ин рӯ ӯро боздошт карданд. Ва бо ҳамон сенарияи куҳна ва “филмҳои сохтаашон”, бо истифода аз тамоми васоити ахбори омма, ки ҳама давлатиянд ва бо истифода аз додгоҳи давлатӣ, ки ҳамагӣ дар хизмати ин режиманд, тамоми ҷурмҳое, ки худашон дар Вамару Хоруғ содир карда буданд болои Холбашов бор карданд. Аз рафти тафтишот ва мурофиаи Холбашов на ҷомеаро огоҳ карданду на васоити ахбори омаро роҳ доданд.

Дар натиҷа Холбашовро Додгоҳи олӣ ба ҳабси абад маҳкум кард.

Холбашов ҳеҷ як иттиҳоми зиддаш бофтаи ҳукуматро қабул накард ва дар мачлиси додгоҳӣ таъкид кардаст, ки ӯ бегуноҳ аст.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон боздошт ва ҳукми сангини Холбашовро аз рӯзи аввал маҳкум мекунад ва ба бегуноҳии ӯ эътимод дошта пайваста барои озодии ӯ талош мекунад.

Зодрӯз муборак, Генерал!

Бошад, ки зодрӯзи ояндаатро дар озодӣ дар оғуши фарзандон ва наздиконат бигзаронӣ!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ)

Варшава. Лаҳистон

23.04.2023

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: